Гурӯҳи корӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти бунёдшаванда дар ноҳияи Рӯшон шинос шуд
ДУШАНБЕ, 16.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои созандагиву ободонӣ бо сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарор дорад. Гурӯҳи мазкур 15 июл бо корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнии ноҳияи Рӯшон шинос шуда, аз якчанд хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия дидан намуд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Гурӯҳи мазкур аз гармхонаҳои соҳибкори ноҳияи мазкур Ҳамдам Давлатмамадов дидан намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки Ҳамдам Давлатмамадов дар хоҷагии деҳқониаш 5 адад гармхонаи муосир ташкил намуда, ҳамарӯза маҳсулоти кишоварзиро ба бозори шаҳри Хоруғ ба фурӯш мебарорад. Соҳибкор зикр намуд, ки дар ташкили чунин гармхонаҳо ба ҳамдеҳагонаш кумак мерасонад.
Инчунин гурӯҳи корӣ аз сохтмони муассисаи таълимӣ барои 640 нафар хонанда, бинои маорифи ноҳияи Рӯшон, ки бо маблағи 3 миллион сомонӣ бунёд мегардад, инчунин аз бинои бонки амонатгузорӣ «Амонатбонк» дар ноҳияи Рӯшон, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарфи 1 миллиону 999 ҳазор сомонӣ сохта мешаванд, шинос шуданд.
А. Раҳмонзода зимни суҳбат бо масъулин зикр кард, ки корҳои сохтмониро сари вақт ва бо сифати аъло ба анҷом расонанд, зеро биноҳои бунёдшаванда бояд солҳои тӯлонӣ ба аҳолии ноҳия хизмат расонанд.
Ёдовар мешавем, ки роҳбари ҳайати гурӯҳи кориро дар ин сафар Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода, муовини роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.








Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид






