ХАБАРИ ФАВРӢ. Дар Тоҷикистон 77%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфтанд

Июль 1, 2020 18:35

ДУШАНБЕ, 01.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 51 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардида, шумораи онҳо дар муддати аз 30 апрел то 1 июл ба 6005 нафар расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, то имрӯз дар мамлакат 4627 нафар ё худ 77%-и гирифторон аз COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 52 нафар фавтидаанд.

«Шабонарӯзи охир 248 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 59 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд», — илова намуд манбаъ.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

Июль 1, 2020 18:35

Хабарҳои дигари ин бахш

МАЪЛУМОТ БАРОИ МУЛОҲИЗА. Пандемия ҳанӯз поён наёфтааст, дар Русия замони хуруҷи нави COVID-19-ро пешгӯӣ намуданд
ДАВЛАТИ ПИРӢ. СММ даъват кард, ки 50 роҳбар барои ҳимояи ҳуқуқи пиронсолон дар кишварҳои худ қадрдонӣ шаванд
Дар Тоҷикистон 93,1 фоизи шаҳрвандон бар зидди сирояти COVID-19 ваксина гирифтаанд
ДАР ТОҶИКИСТОН НАРХИ КАРТОШКА, ҚАНД ВА СӮЗИШВОРӢ АРЗОН ШУД. Ҳукумати мамлакат танзими давлатии нархи маҳсулоти асосии озуқаро ба роҳ мондааст
10 ЗИНА БОЛОТАР! Тоҷикистон мавқеи худро дар раддабандии ҷаҳонии амнияти озуқаворӣ беҳтар сохт
Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёни Саммити чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Оромро ба Душанбе даъват карданд
Дар Тоҷикистон 92,9 фоизи шаҳрвандон вояи якуми ваксина бар зидди COVID-19 гирифтаанд
ТОҶИКИСТОН — ЯКЕ АЗ КИШВАРҲОИ ПЕШҚАДАМИ ПЕШБАРАНДАИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ ДАР ИДМ. Ба чунин хулоса омадааст созмони бритониёии Abbey Care Foundation
Музаффар Ашуриён: Дар низоми давлатдорӣ мақомоте, ки сиёсати ҳуқуқии давлатро амалӣ мегардонад, мақомоти адлия мебошад
Миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон парвозҳои мунтазам афзоиш дода мешаванд
ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТҲОИ ПРЕЗИДЕНТ. Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба иди Рамазон ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешаванд
Президенти Тоҷикистон чӣ гуна роҳ надодан ба болоравии нархи маҳсулотро фаҳмонданд