ИМРӮЗ ОЛИМПИАДАИ УМУМИҶАҲОНӢ ОИД БА ШОҲМОТ — 2020 ОҒОЗ МЕЁБАД. Бори нахуст дар таърих он дар шакли онлайн аз 22 июл то 30 август доир хоҳад шуд

Июль 22, 2020 11:46

ДУШАНБЕ, 22.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи байналмилалии шоҳмот (ФИДЕ) баргузории Олимпиадаи умумиҷаҳонии шоҳмотро, ки нахустин бор дар таърих дар шакли онлайн аз 22 июл то 30 августи соли 2020 баргузор хоҳад шуд, эълом намуд. Марҳилаи пешакии онлайн — олимпиадаи умумиҷаҳонии шоҳмот имрӯз шурӯъ мешавад, хабар медиҳад АМИТ Ховар.

Онлайн — Олимпиадаи умумиҷаҳонии шоҳмот – ин мусобиқаи дастаҳои миллӣ мебошад ва тамоми федератсияҳои миллии аъзои ФИДЕ дар он метавонанд иштирок намоянд.

Ҳар як даста аз шаш бозингар дар шакли омехта иборат хоҳад буд, ҳадди аққал ба даста бояд се зан/духтар ва ду бозингари ҷавон шомил бошанд. Таркиби ҳар даста бояд чунин бошад:

— ҳадди ақал 1 бозингари то 20-сола (соли таваллуди 2000 ва баъд аз он);

— ҳадди ақал 2 бозингари зан;

— на камтар аз 1 духтари то 20-сола (соли таваллуд 2000 ё баъд аз он).

Дастаҳо метавонанд иловатан шаш тан бозингари эҳтиётӣ ва як сардори даста дошта бошанд. Назорати вақт: 15 дақиқа + 5 сония барои ҳар як гардиши анҷомшуда.

Чорабинӣ аз ду марҳилаи асосӣ иборат хоҳад буд: бозиҳо дар “Дивизионҳо» ва “Плей-офф”.

Дар мусобиқот 163 даста, аз ҷумла қавитарин дастаҳои ҷаҳон — Россия, Чин ва ИМА ширкат хоҳанд кард.

Аксарияти дастаҳо бо ҳайатҳои беҳтарини худ баромад мекунанд. Қаҳрамони ҷаҳон Магнус Карлсени норвегиягӣ, ки дар давраи пандемия дар чандин мусобиқоти онлайн ғолиб омадааст, дар ин мусобиқот иштирок нахоҳад кард.

Тавре дирӯз АМИТ «Ховар» хабар дода буд, рӯзи сешанбе дар шаҳри Душанбе дар Рӯзи байналмилалии шоҳмот, дувумин Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои Ҷоми Президенти Тоҷикистон оғоз ёфт.

 

Июль 22, 2020 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд