Корхонаҳои саноатии шаҳри Ҳисор 44 номгӯй маҳсулот истеҳсол менамоянд

Июль 30, 2020 15:56

ҲИСОР, 30.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли равон дар ҳудуди шаҳри Ҳисор  69 адад корхонаҳои саноатӣ фаъолият доранд, ки асосан дар самти истеҳсол ва коркарди маҳсулоти саноати сабук, нӯшокии машруботӣ,  маҳсулоти нафтӣ, оҳан  ва маводи сохтмонӣ фаъолият менамоянд. Дар ин корхонаҳои саноатӣ  имрӯзҳо 1172 нафар шаҳрвандон  фаъолият доранд. Дар ин бора  раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода зимни нишасти матбуотӣ изҳори назар намуд.

Зикр шуд, ки дар шаш моҳи соли 2020 корхонаҳои саноатии шаҳри Ҳисор бо нархҳои амалкунанда  ба маблағи 105 миллиону 717,4  сомонӣ  маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба шаш моҳи соли гузашта 7,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Масъулини шаҳри Ҳисор  мегӯянд, ки  масъалаи  саноатикунониро зери таваҷҷуҳи доимӣ қарор додаву бо назардошти  аҳамияти бузурги  ҳадафи мазкур  бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ дар заминаи иншооти хусусигардонидашуда ҶДММ “Ҳасиби Ҳисор”, корхонаи  истеҳсоли гӯшти паранда-  ҶДММ “Мақсад -2020”, ҶДММ “Мурғи сабо” ва  ҶДММ “Чӯҷаи Ҳисор” бо таъсиси зиёда аз 15 ҷойи кори доимӣ таъсис дода шуданд.  Давоми соли ҷорӣ боз 2 адад корхонаи истеҳсоли  гӯшти мурғ бо таъсиси 8 ҷойи кори доимӣ таъсис дода мешаванд.

Зикр гардид, ки   соли равон  аз ҷониби корхона ва коргоҳҳои саноатӣ  44 номгӯй маҳсулот истеҳсол ва коркард гардиданд, ки нисбат ба ин давраи соли гузашта 6 номгӯй зиёд аст.

Дар ин давра бо таъсиси  корхонаҳои нави истеҳсоли  гӯшти мурғ аз ҳисоби  ҶДММ “Мақсад -2020”, ҶДММ “Чӯҷаи Ҳисор” ва равғани маска, шири пастеризатсияшуда, ҷурғот, чакка, йогурт аз ҳисоби комбинати  шири “Авитсена Милк” дар назди ҶСК “Авитсена” ба роҳ монда шуд. Ин номгӯйи маҳсулот солҳои пешин дар рӯйхати  молҳои истеҳсолшудаи шаҳр ба қайд гирифта нашуда буд ва истеҳсол намегардид.

Июль 30, 2020 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» тадбирҳои беҳдошти ҳолати гидрологӣ амалӣ гардиданд
Дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд дар Душанбе ҳайати бонуфуз аз Миср иштирок менамояд
Аз ноҳияи Дӯстӣ ба Федератсияи Русия маҳсулоти кишоварзӣ содирот мегардад
Кишоварзони ноҳияи Восеъ дар беш аз 7 ҳазор гектар пунбадона кишт менамоянд
Оид ба рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои Авруосиёӣ форуми байналмилалӣ доир мешавад
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмуни «Топ-35- шарики боэтимоди сол» баргузор мегардад
Ҳайати Тоҷикистон дар маҷлиси машваратии давлатҳои электорати Хазинаи байналмилалии асъор иштирок намуд
«Shohin Airlines» 4 ҳавопаймои силсилаи «Airbus A320neo» мехарад
Ҳайати Тоҷикистон дар Вашингтон масъалаҳои молиявӣ ва иқтисодиро бо шарикони байналмилалӣ баррасӣ намуд
Дар Душанбе ҳамоиши намояндагони тиҷоратии давлатҳои БРИКС ва СҲШ баргузор гардид
Имконоти зеҳни сунъӣ ва гидроэнергияи «сабз»-и Тоҷикистон ба «Goldman Sachs» муаррифӣ карда шуд
Дар ноҳияи Роштқалъа дуюмин Парки технологӣ бунёд карда мешавад