Кумитаи меъморӣ ва сохтмон лоиҳаҳои намунавии беморхонаҳои сироятиро барои 30 ва 50 ҷой таҳия намуд

Июль 15, 2020 14:55

 ДУШАНБЕ, 15.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои банди 38 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни боздид аз иншооти шаҳри Душанбе ва мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ 20 майи соли 2020 баён доштанд, бо мақсади то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд намудани беморхонаҳои сироятӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар мувофиқа бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ лоиҳаҳои намунавии беморхонаҳои сироятиро барои 30 ва 50 ҷой таҳия намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Лоиҳаҳои кории қисмҳои нақшаи генералӣ, ҳалли меъморию тарҳбандӣ, технологӣ, конструктивӣ, шабакаҳои муҳандисӣ ва иншооти ёрирасон, ки дар нақшаи генералӣ пешбинӣ шудааст, таҳия гардида, аз экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ гузаронида шуданд.

Масъулини вазорату идораҳо, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд вобаста ба маҳал лоиҳаи заруриро интихоб намуда, барои дастрас намудани лоиҳаи кории беморхонаи сироятӣ барои 30 ҷой ба КВД «Лоиҳакаш» (воқеъ дар шаҳри Душанбе, кўчаи Ш. Ҳусейнзода, 34, ошёнаи 4) тавассути телефонҳои 227-78-00 ва 227-78-44 муроҷиат намоянд.

Ҳамчунин  онҳо ̄ метавонанд вобаста ба маҳал лоиҳаи заруриро интихоб намуда, барои дастрас намудани лоиҳаи кории беморхонаи сироятӣ барои 50 ҷой ба КВД «Пажўҳишгоҳи илмию тадқиқотии «Сохтмон ва меъморӣ» (воқеъ дар шаҳри Душанбе, кўчаи Ш.Ҳусейнзода, 34, ошёнаи 3) тавассути телефонҳои 227-77-60 ва 227-77-61 муроҷиат намоянд.

Пас аз интихоби лоиҳа ҷойгиронии иншоот дар маҳал тибқи тартиби муқарраргардида бо дастрасии хулосаи ҷустуҷӯҳои геологию топографӣ аз ҷониби фармоишгар тавассути корхонаҳои фаръии Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш»-и Кумита, ки дар шаҳру ноҳияҳо фаъолият менамоянд, амалӣ карда мешавад.

Барои дастрасии маълумоти иловагӣ шахсони масъул метавонанд ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, кӯчаи Ш.Ҳусейнзода, 36) бо телефонҳои 223-02-00 ва 227-36-59 ё тавассути почтаи электронии info@tajsohtmon.tj ва ё сомонаи www.tajsohtmon.tj муроҷиат намоянд.

 

ДАР АКС: лоиҳаи намунавии беморхонаи сироятӣ барои 30 ҷой

ДАР АКС: лоиҳаи намунавии беморхонаи сироятӣ барои 50 ҷой

 

Июль 15, 2020 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд