Мақомоти гумрук: содирот афзоиш ва воридот коҳиш ёфтааст

Июль 30, 2020 11:15

ДУШАНБЕ, 30.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон бо 106 кишвари ҷаҳон амалиёти содиротию воридотӣ ба анҷом расонидааст ва дар ин давра гардиши тиҷорати хориҷии ҷумҳурӣ ба 2 миллиарду 144,9 миллион доллар баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 50,9 миллион доллар ё 2,4 фоиз зиёд мебошад.

Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода имрӯз дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе ба расонаҳои хабарӣ иттилоъ дод, ки аз ҳаҷми умумии гардиши мол 1  миллиарду 504,2 миллион доллар ба воридот ва 640,7 миллион доллар  ба содирот рост омада, мутаносибан воридот ба маблағи 51,5 миллион доллари амрикоӣ ё ба андозаи 3,3 фоиз коҳиш ёфта, содирот ба маблағи 102,6 миллион доллари амрикоӣ ё 19,1 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар сохтори умумии гардиши мол ҳиссаи воридот ба 70,1 фоиз ва содирот ба 29,9 фоиз баробар мебошад.

Дар содироти молҳои ватанӣ вазни қиёсии асосиро маъданҳо ва консентратҳо 14,1 фоиз ё ин, ки 90,2 миллион доллар, алюминий 12,1 фоиз ё ин, ки 77,6 миллион доллар, нахи пахта 7,2 фоиз ё ин, ки 46,3 миллион доллар, тилло 4,7 фоиз ё ин, ки 30,4 миллион  доллар,  семент 4,3 фоиз ё ин ки 27,3 миллион доллар, ресмони пахтагӣ 2,5 фоиз ё ин ки 16,3 миллион доллар, сурма 2,1 фоиз ё 13,5 миллион доллар, маҳсулоти меваю сабзавот 2,0 фоиз ё ин, ки 12,7 миллион доллар, шарбатҳо ва шираи растаниҳо 0,5 фоиз ё ин, ки 2,9 миллион доллар ва маҳсулоти тамоку 0,3  фоиз ё 2,1 миллион  доллар ташкил медиҳанд.

Тавре аз таҳлилҳо бармеояд, содироти маҳсулоти меваю сабзавот нисбат ба шашмоҳаи якуми соли 2019 ба миқдори 24219 тонна ва ба маблағи 3,8 миллион доллари амрикоӣ афзоиш ёфтааст, ки ин нишондиҳанда натиҷаи рушди боғу токпарварӣ дар мамлакат ва зиёд шудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мебошад. Содироти маъданҳо ва консентратҳо ба миқдори 28604 тонна ва ба маблағи 58,0 миллион доллари амрикоӣ кам шудааст. Инчунин, содироти алюминий ба миқдори 126 тонна ва нархи он 11,1 миллион доллар кам гардида, нахи пахта ба миқдори 2196 тонна ва арзиши он ба маблағи 9,8 миллион доллари амрикоӣ коҳиш ёфтааст. Новобаста аз ифтитоҳи як қатор корхонаҳои нави истеҳсоли семент дар ҷумҳурӣ, дар ин давра содироти семент 668,5 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 78,3 ҳазор тонна ва ба маблағи 6,5 миллион доллар кам аст, ки сабаби асосии чунин ҳолат паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ва баста шудани сарҳадот арзёбӣ мегардад.

Аз ҳаҷми умумии содирот 21,3 фоиз ё 136,6 миллион доллар ба кишварҳои хориҷи наздик ва 78,7 фоиз ё 504,1 миллион доллар ба кишварҳои хориҷи дур рост меояд. Ҳаҷми асосии содироти мол бо давлатҳои Туркия 16,3 фоиз, Қазоқистон 13,3 фоиз, Афғонистон 6,2 фоиз, Ӯзбекистон 4,4 фоиз, Чин 2,7 фоиз, Россия 2,6 фоиз, Белгия 22,1 фоиз ва Италия 1,2 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ин давра  нисбат ба шашмоҳаи якуми соли 2019 содироти мол ба кишварҳои Ӯзбекистон ба андозаи 55,2 милион доллар, Чин 10,5 миллион доллар, Эрон 7,3 миллион доллар ва Қазоқистон 6,6 миллион доллар коҳиш ёфта, ин нишондиҳанда бо кишвари Туркия 33,9 миллион доллар, Афғонистон 11,8 миллион доллар, Белгия 5,3 миллион доллар ва Италия 1,8 миллион доллар афзоиш ёфтааст.

Тибқи маълумоти омори гумрукӣ, кам гардидани ҳаҷми содирот ба ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон асосан аз ҳисоби кам содир шудани маъданҳо ва консентратҳо буда, ба Чин  ва Эрон аз ҳисоби коҳиш ёфтани содироти ресмони пахтагӣ ва нахи пахта мебошад.

Июль 30, 2020 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҷамъомад баргузор шуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ. Аз таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 19 сол пур шуд
Неругоҳи барқи обии «Себзор» давоми фаъолият беш аз 21 миллион кВт-соат неруи барқ истеҳсол намудааст
Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатъномаи ЮНЕП дар пешбурди дипломатияи муҳити зисти Тоҷикистон нақши назаррас дорад»
Агентии «Тоҷикстандарт»: «Аз маҳсулоти ширкати «Nestle» бо тамғаи NAN дар марҳилаи муайяншуда истифода набаред!»
Тоҷикистон ҳамкориро бо Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ тақвият медиҳад
Бонки миллии Тоҷикистон: иттилои паҳншуда дар бораи он, ки Бонки миллӣ бо 1 фоиз қарз медиҳад, воқеият надорад
Дар Ишкошим зеристгоҳи барқии «Қозидеҳ» ба истифода дода мешавад
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо оид ба иҷрои супоришҳои Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ҷаласа доир шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳаи Қонун дар бораи сиёсати аграрӣ таҳия мегардад
Дар Панҷакент ҷаласаи Шуро оид ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид
Дар хоҷагии ҷангали ноҳияи Данғара дар 44 гектар ниҳолҳои пистаҳои хушкшуда барқарор гардид