«Ободии диёр – мароми мост!». Таҳти ин унвон дар Кӯлоб мусобиқаи шахсӣ-даставӣ байни ҷавонону наврасон доир шуд

Июль 21, 2020 09:10

ДУШАНБЕ, 21.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Боғи марказии фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон  барои дарёфти Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ таҳти шиори «Ободии диёр – мароми мост!» мусобиқаи шахсӣ-даставӣ аз намудҳои футболи хурд, тенниси калон ва рӯи миз, шашка ва шоҳмот  баргузор карда шуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар мусобиқаи мазкур 30 дастаи варзишӣ, 200 нафар варзишгарони ҷавону наврас ва беш аз 350 нафар мухлисон иштирок доштанд. Дастаҳои варзишӣ ва варзишгарони инфиродӣ аз шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ ва Ҳамадонӣ буданд.

Дар мусобиқаи футболи хурд 6 даста иштирок намуда, ҷойи аввалро дастаи Мактаби варзишии №4 шаҳри Кӯлоб, ҷойи дуюмро дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ва ҷойи сеюмро дастаи «СССР» ишғол намуданд. Бозингари беҳтарини мусобиқа Диловари Хуршед аз дастаи «Равшан», ҳамлагари беҳтарин Юсуф Ҳасанов аз дастаи «Боғи фарҳангӣ», дарвозабони беҳтарин Анушервон Ҳакимов аз дастаи «СССР» ва нишонзани беҳтарин Алиҷон Раҳмонов аз дастаи «Чорбоғ» дониста шуданд.

Дар мусобиқаи тенниси калон байни ҷавонону наврасон ҷойи аввалро Атохуҷа Хоҷаев, ҷойи дуюмро Комил Зарипов ва зинаи сеюмро Абдулмаҷид Хоҷаев ба даст оварданд.

Дар мусобиқаи тенниси рӯи миз байни наврасон ҷойи якумро Фирдавс Маҳмадзода, ҷойи дуюмро Муҳаммадато Раҷабов ва зинаи сеюмро Муҳаммадҷон Денпанаев ба даст оварданд.

Дар ин мусобиқа миёни наврасдухтарон ҷойи якумро Марям Бодурова, ҷойи дуюмро Осинот Латипова ва ҷойи сеюмро Сумая Муродова соҳиб гардиданд.

Мусобиқаҳои шашкаю шоҳмот низ иштирокчиёну ҳаводорони зиёд ба худ ҷалб намуданд. Дар мусобиқаи шашка аз рӯи ҳисоби даставӣ ҷойи аввалро дастаи варзишии н. Ҳамадонӣ, ҷойи дуюмро дастаи Мактаби варзишии ш.Кӯлоб ва зинаи сеюмро Муассисаи таҳсилотии ииловагии ш. Кӯлоб ба даст оварданд.

Аз рӯи ғолибияти инфиродӣ миёни ҷавонон ҷойҳои ифтихориро Сӯҳроб Сафарзода, Фирӯзи Наврӯз ва Исмоил Ҳаитов, байни ҷавондухтарон Дилафрӯзи Баҳодур, Лоларухи Абдусаттор, Шукронаи Баҳодур ва байни наврасон Сумая Ашурова, Иброҳим Раҳимов ва Лола Исмоилова мутаносибан ба даст оварданд.

Дар мусобиқаи шоҳмот ғолибони инфиродӣ миёни ҷавонон Замони Бозоралӣ, Нуриддин Ҳабибулло, Фахриддини Фарҳод, байни ҷавондухтарон Адиба Назарова, Замира Азимова, Мубораки Зайдулло ва байни наврасон Бузургмеҳр Боқиев, Санам Мадаминова ва Насимҷон Давлатов дониста шуданд.

Аз натиҷаи қувваозмоиҳо ҳакамон ғолибони мусобиқаро муайян намуда, ба онҳо аз номи роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои тантанавӣ Ҷом, диплом, ифтихорномаҳо, медалҳои дараҷавӣ, сипоснома, маблағи пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.

Июль 21, 2020 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд