Раиси вилояти Суғд дар Зафаробод аз ҳоли собиқадори меҳнат Ҳабибулло Эгамзода хабар гирифт
ДУШАНБЕ, 22.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Зафаробод Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Ҷамоати шаҳраки Зафаробод аз ҳоли собиқадори меҳнат Ҳабибулло Эгамзода хабар гирифт. Ин марди соҳибтаҷриба зимни суҳбат бо Раиси вилоят изҳор дошт, ки аҳли оилаи онҳо дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маводи ғизоиро захира намуда истодаанд. Дар ин бора аз аз Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
«Дар замини назди ҳавлигиии Ҳабибулло Эгамзода дарахтони олуча, анору себ ва олу шинонида шуда, ҳамчунин дар он сабзавот парвариш мегардад. Номбурда имсол аз ин дарахтон ҳосили хуб ба даст овардааст. Ҳабибулло Эгамзода бо фарзандону наберагонаш мева ва помидору бодиринги замини наздиҳавлиашонро ҷамъоварӣ намуда, аз онҳо консерва тайёр намуда, барои зимистон захира кардаанд»,- афзуд манбаъ.
Ҳамчунин оилаи Эгамзодаҳо чанд номгӯи зироат, аз ҷумла наску нахӯд, лӯбиё, мошу биринҷ ва ғайраҳоро тибқи тавсияи мутахассисон барои давраи тирамоҳу зимистони имсола захира намудаанд.
Хотирнишон месозем, ки дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Зафаробод Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз хоҷагиҳои деҳқонии «Хушекат» ва «Даҳкат»-и ноҳия боздид намуд. Ба Раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки аъзои хоҷагии деҳқонии «Хушекат» ҳар порча заминро самаранок истифода бурда, дар як сол то 3-4 ҳосил ба даст меоранд. Деҳқонони пуртаҷрибаи хоҷагӣ имсол низ дар заминҳои худ аллакай бори дуюм кишти зироатҳоро ба роҳ мондаанд. Барои ҳосили дуюм офтобпараст, тарбуз, лӯбиё, мош ва хӯроки чорво кишт гардида, зироатҳо нашъунамои хуб доранд.
Хоҷагии деҳқонии «Даҳкат» бошад 8 гектар замини корам дорад ва дар он пахта кишт гардидааст. Бино бар таъкиди мутахассисон, аз нашъунамои ниҳолҳои пахта мушоҳида мегардад, ки имсол ҳосили хуб рӯёнида мешавад. Пахтакорони ин хоҷагӣ аввалин бор барои таҷриба пас аз дарави ғалла дар ду гектар пахта кишт кардаанд.
Раиси вилоят аснои шиносоӣ барои пурра ба итмом расонидани кишти такрорӣ, иҷрои нақшаи пешбинишуда, коркарди агротехникии зироатҳои кишоварзӣ ва сари вақт бо оби полезӣ таъмин намудани заминҳо ба роҳбарияти ноҳия дастуру супоришҳо дод.








Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон






