Санаи бозиҳои дастаҳои футболи «Истиқлол» бо «Алтин Асир» ва «Дордой» бо «Хуҷанд» муайян шуд
ДУШАНБЕ, 11.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Конфедератсияи футболи Осиё тақвими бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020-ро дар минтақаи Осиёи Марказӣ нашр намуд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, бозиҳои гурӯҳи «D» бо иштироки дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон, «Алтин Асир»-и Туркманистон, «Дордой»-и Қирғизистон ва «Хуҷанд»-и Тоҷикистон аз 23 октябр то 4 ноябри соли равон, доир мешаванд. Гуфта мешавад, ки бозиҳои гурӯҳи «D» дар як кишвар баргузор мешаванд. Кишвари мизбон рӯзҳои наздик расман эълон карда мешавад.
Федератсияи футболи Тоҷикистон аллакай ба КФО дархост намудааст, ки бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ дар гурӯҳи «D» дар шаҳри Душанбе доир шаванд. Ғолиби гурӯҳи мазкур дар даври нимниҳоии байниминтақавӣ, ки 24-25 ноябр доир мешавад, иштирок мекунад. Хотиррасон мешавем,ки баргузории финали Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё бошад санаи 12 декабр дар назар аст.
Ҷоми КФО-2020. Минтақа «Осиёи Марказӣ». Гӯруҳи «D»
Даври 1-ум
11 март
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Хуҷанд» (Тоҷикистон) — 2:0
20 октябр (сешанбе)
«Дордой» (Қирғизистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон)
Даври 2-юм
23 октябр (ҷумъа)
«Хуҷанд» (Тоҷикистон) – «Дордой» (Қирғизистон)
«Алтин Асир» (Туркманистон») — «Истиқлол» (Тоҷикистон)
Даври 3-юм
26 октябр (душанбе)
«Хуҷанд» (Тоҷикистон) — «Алтин Асир» (Туркманистон»)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) — «Дордой» (Қирғизистон)
Даври 4-ум
29 октябр (ҷумъа)
«Алтин Асир» (Туркманистон») — «Хуҷанд» (Тоҷикистон)
«Дордой» (Қирғизистон) — «Истиқлол» (Тоҷикистон)
Даври 5-ум
1 ноябр (якшанбе)
«Хуҷанд» (Тоҷикистон) — «Истиқлол» (Тоҷикистон)
«Алтин Асир» (Туркманистон») — «Дордой» (Қирғизистон)
Даври 6-ум
4 ноябр (Чоршанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) — «Алтин Асир» (Туркманистон»)
«Дордой» (Қирғизистон) — «Хуҷанд» (Тоҷикистон)
Ёдовар мешавем, ки ду дастаи Тоҷикистон – «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд — дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё -2020 ба гурӯҳи «D» шомиланд. Бозии нахустин даври мусобиқа дар ин гурӯҳ миёни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд, ки 11 марти соли равон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бе ҳузури тамошобинон доир гардида буд, бо пирӯзии чемпиони Тоҷикистон- «Истиқлол»-и Душанбе бо ҳисоби 2:0 ба поён расида буд.
Ҳамин тариқ, дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе бо се имтиёз дар гурӯҳи «D» мақоми аввалро касб намуд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






