Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Мастчоҳ бо рафти сохтмони иншооти таъйиноти гуногун шинос шуд
ДУШАНБЕ, 24.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Хуҷанд бо рафти корҳои сохтмонии иншооти соҳаи тандурустӣ ва бинои баландошёнаи истиқоматӣ шинос шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Имрӯзҳо дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати рушд бахшидани соҳаи тандурустӣ бунёди иншооти соҳавӣ ва дастрас намудани дастгоҳу таҷҳизоти муосир ҷараён дошта, дар ин самт имкониятҳо мақсаднок истифода мешаванд.
Зимни шиносоӣ Сарвазири мамлакат масъулонро вазифадор намуд, ки тадбирҳои бунёдкорӣ ва ободонӣ дар шаҳр бо назардошти риояи талаботи сохтмону меъморӣ анҷом ва омодагиҳо ба истиқболи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъат дода шаванд.
Дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Мастчоҳ бо ҷараёни бунёди иншооти таъйиноти гуногун, ки дар доираи таҷлили ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда мешаванд, шинос шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки аз 535 иншооте, ки дар доираи ҷашнҳои миллӣ ба нақша гирифта шуда буданд, дар соли 2018 78 ва дар соли 2019 157 иншоот сохта ба истифода дода шуда, корҳои сохтмонӣ дар ин самт идома доранд.
Дар баробари равона намудани маблағҳои буҷети давлатӣ барои бунёди иншоот ва тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ саҳми соҳибкорону сокинон низ назаррас аст.
Имрӯзҳо дар маркази ноҳияи Мастчоҳ – шаҳраки Бӯстон бунёди варзишгоҳи марказӣ бо 10 ҳазор ҷойи нишаст, бинои қасри фарҳанг барои 1000 ҷойи нишаст, майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистолн, рамзи «Пахтаи шукуфон», биноҳои шуъбаи адлия ва Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон дар ноҳия, боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, иншооти соҳаи маориф, тандурустӣ, хизматрасонӣ идома дошта, тадбирҳои сабзухуррамгардонӣ ва равшаннамоӣ низ бо суръат ҷараён доранд.
Дар иншооти сохташаванда ҳамчунин корҳои наққошию кандакорӣ бо тахайюли бою рангин офаридани нақшу нигори миллӣ, ки фарҳангу санъати волои миллати тоҷикро инъикос мекунанд, анҷом дода мешаванд.
Дар ноҳияи Мастчоҳ дар баробари вусъат бахшидани тадбирҳои ободонӣ ҳамзамон ҷиҳати бунёди коргоҳу корхонаҳои гуногуни истеҳсолӣ табдирҳои мушаххас амлаӣ шуда, аллакай натиҷаи некро ба бор овардааст.
Айни замон дар ноҳия 9 корхони паррандапарварӣ, 6 ташкилоти бинокорӣ, 10 корхонаи коркарди пахта, 4 корхонаи истеҳсоли равғани растанӣ, 1 корхонаи истеҳсоли семент, 1 корхонаи ресандагӣ, 1 корхонаи истеҳсоли оҳаксанг, 3 корхонаи истеҳсоли хишт ва коргоҳу корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ва чорвопарварӣ низ фаъолият карда, бунёди дигар иншооти соҳаи саноатӣ идома дорад.
Умуман дар ноҳия «Барноми рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Мастчоҳ барои солҳои 2016-2020» мавриди татбиқ қарор дошта, имкониятҳои мавҷуда зина ба зина самаранок истифода мешаванд.
Асноӣ шиносоӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода масъулинро вазифадор намуд, ки ҳангоми бунёди иншоот ба сифати корҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, талош намоянд, ки дар муҳлати муайяншуда иншооти ҷашниро бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замон сохта ба истфода диҳанд.








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






