Таҳқиқи навор: Мард бо истифода аз маъюбии фарзандаш ба ҷамъоварии маблағ машғул гардидааст
ДУШАНБЕ, 11.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. 7 июли соли ҷорӣ дар як қатор шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе пайдо гардид, ки тибқи иттилои муаллиф, ҳар саҳар марди тануманди тахминан 49-50-солае як ҷавони маъюбро дар аробачаи махус шинонида, дар назди бозорчаи маҳаллаи 33-юми шаҳри Душанбе оварда мемонад ва ин навраси маъюб то бегоҳ ба талбандагӣ машғул мешавад. Сипас бо фаро расидани шом мард боз ба ҳамин мавзеъ омада, маблағҳои дар давоми рӯз ҷамъгардидаро ба ҷайби худ андохта, сипас боз навраси маъюбро бо худ мебарад.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти ВКД ҶТ иттилоъ медиҳад, баъди ба Интернет роҳ ёфтани навори мазкур кирдорҳои ғайриқонунии марди аз ҳисоби писарбачаи маъюб маблағ ҷамъкунанда мавриди вокуниши шадиди шаҳрвандон, махсусан истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифт. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хоҳиш намуданд, ки нисбати кирдорҳои авомфиребонаи марди дар навор инъикосгардида, ки аз ҳисоби писарбачаи маъюб зиндагиашро пеш мебарад, чораҳои қонунӣ андешида шаванд.
Ҷиҳати муайян намудани шахсияти марди дар навор тасвирёфта кормандони мақомоти милитсияи пойтахт чораҳои дахлдорро роҳандозӣ намуда, дар натиҷа ӯро муайян ва ба мақомоти милитсия дастрас намуданд. Маълум гардид, ки ӯ шаҳрванд Ҳабибуллоев Хуршед Асрорович, соли таваллудаш 22.01.1971, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, деҳаи Арбобхотун буда, ҷавони дар аробачаи маъюбӣ нишаста фарзандаш мебошад.
Зимни санҷиш ҳамчунин муайян карда шуд, ки ин ҷавон писарбачаи 17-сола буда, дар ҳолати маъюбӣ қарор дорад.
Бо назардошти ҳолатҳои мазкур, нисбати шаҳрванд Ҳабибуллоев Хуршед, ки бо истифода аз муҳтоҷиву дардмандии фарзанди худ ба ҷамъоварии маблағ машғул будааст, парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори суд нисбаташ ҷарима ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъин карда, барои дар оянда такроран содир накардани кирдори мазкур огоҳонида шуд.
АКСҲО аз сомонаи ВКД ҶТ








Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд






