Тавсияи мутахассис: Маҳсулоти донагӣ ё лубиёгиҳо бояд дар зарфҳои шишагӣ ва борхалтаҳои коғазӣ ё матоъгӣ захира карда шаванд
ДУШАНБЕ, 03.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Маҳсулоти донагӣ ё лубиёгиҳо дар зарфҳои шишагӣ ва борхалтаҳои аз коғаз ва матоъ омодашуда бояд захира карда шаванд. Ин нуктаро коршиноси Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ Назрулло ТОШАЛИЕВ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Фирӯзаи ДАВЛАТ баён дошт.
Ба гуфти ҳамсуҳбати АМИТ «Ховар», барои ба даст овардани маҳсулоти хушсифат ва дуру дароз истифода намудан, аз тарзи дуруст ба роҳ мондани техникаи парвариши он вобастагии калон дорад. Яъне, дар сурати сари вақт об мондан, нуриҳои миниралӣ додан ва ҷамъоварӣ намдун маҳсулоти хушсифат ба даст меояд.
Мавриди зикр аст, ки бештари зироатҳои донагӣ дар ҷумҳурӣ пас аз ҷамъоварӣ намудани кишти тирамоҳӣ парвариш карда мешаванд.
«Дар Тоҷикистони офтобии мо зироатҳои донагӣ аз қабили — лубиё, нахуд, наск, зағир, мош, маъсар, кунҷит, шолӣ, тухмии зироатҳои пунбадона, ғалладона, ҷуворимакка ва ғайра парвариш карда мешаванд», — гуфт Назрулло Тошалиев.
Ӯ афзуд, ки афзалияти зироати ғалладонагӣ ва лубиёгиҳо дар он аст, ки қобилияти дуру дароз нигоҳ доштани он мавҷуда буда, бо доштани сафедаҳо дар таркиби худ ба саломатии инсон фоидаовар мебошанд. Инчунин, оилае, ки замини наздиҳавлигӣ ва ё заминҳои бештар дар ихтиёр дорад, метавонад ба парвариш ва захира намудани чунин маҳсулот машғул шаванд. Ин амал ба истифодаи мақсадноки замин ва ба буҷети оила таъсири мусбат мерасонад.
Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 17 апрели соли равон зимни суханронӣ дар иҷлосияи нахустини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум иброз доштанд: «мардуми мо бояд як масъаларо хуб дарк намоянд, ки Тоҷикистон кишвари аграрӣ, яъне кишоварзӣ аст ва фаровонии маҳсулоти ғизоӣ ва дастурхони пури ҳар як оила аз заҳмати шабонарӯзии ҳамаи сокинони мамлакат, вобаста мебошад».
Бино ба иттилои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, то 26 июни соли равон дар майдони 282 ҳазору 260 гектар кишти зироатҳои ғалладонагӣ ва лубиёгиҳо анҷом шудааст, ки аз ин ҳудуд аллакай 381 ҳазору 867 тонна маҳсулот ҷамъоварӣ гардидааст.
Кишоварзони ҷумҳурӣ бо мақсади саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат корҳои саҳроиро вусъат бахшида ба ҷамъоварии ҳосили донагӣ пардохтанд.
То имрӯз дар ВМКБ аз 3753 гектар ва Суғд аз 98 ҳазору 847 гектар танҳо 21 фоиз, Хатлон аз 131 ҳазору 595 гектар 57 фоиз ва ноҳияҳои тобеи марказ аз 48064 гетар 30 фоиз зироатҳои донагӣ ҷамъоварӣ гардидаанд. Ҳосили то имрӯз ҷамовардаи кишоварзон нисбат ба соли 2019 50380 тонна зиёд мебошад.
Бештар ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулот барои самарабахш таъмин намудани бозори истеъмолӣ ё худ расидан ба амнияти озуқаворӣ маҳсуб мегардад.








Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст






