Вазири саноат ва технологияҳои нав Заробиддин Файзуллозода: Дар Тоҷикистон истеҳсоли семент рушд меёбад

Июль 28, 2020 13:40

ДУШАНБЕ, 28.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳоло дар Тоҷикистон 16 корхона ба истеҳсоли семент машғул аст. Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Заробиддин Файзуллозода ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» вобаста ба истеҳсол ва содироти сементи ватанӣ посух дод, ки солҳои охир дар Тоҷикистон истеҳсоли семент  рушд меёбад.

Бино ба иттилои номбурда, дар 6 моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 1,9 миллион тонна семент истеҳсол шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 44,7 ҳазор тонна зиёд аст. Аз ин миқдор 668,5 ҳазор тонна ба ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон содирот  шудааст.  Аз ҷумла, ҳаҷми сементи содиротшуда ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон 333,6 ҳазор тонна, Ҷумҳурии Қирғизистон 40 ҳазор тонна ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 294,6 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

«Бояд зикр намуд, ки дар 6 моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 44 ҳазор тонна  семент камтар ба Ӯзбекистон содирот шуд. Ҳоло талабот ба ин намуди маҳсулот дар бозори Ҷумҳурии Ӯзбекистон хеле  зиёд аст. Инчунин дар масъалаи ҷумҳурии ҳамсояро бо семент таъмин намудан Сафири Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо муроҷиат намуд ва мо кӯшиш менамоем, ки  он талаботе, ки ин  ҷумҳурӣ  ба ин навъи маҳсулот дорад, онро таъмин намоем»,- гуфт Заробиддин Файзуллозода.

Бояд гуфт, ки дар зиёд шудани истеҳсоли ин навъи маҳсулот саҳми ҶДММ «Чунгтсай Моҳир семент» ва «Хуаксин Ғаюр семент»-и ноҳияи Ёвон, «Хуаксин Ғаюр Суғд семент»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва «Сементи Тоҷик» хеле назаррас мебошад.

Июль 28, 2020 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд
Дар Санкт-Петербург нахустин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ доир гардид
Дурнамои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муаррифӣ карда шуд
Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд