ВКД ҶТ: сӯхтор дар Маркази савдои «Ашан» бар асари расиши кутоҳи ноқилҳои барқӣ сар задааст
ДУШАНБЕ, 08.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. 7 июл, соати 14:20 дар натиҷаи расиши кутоҳи ноқилҳои барқӣ дар шифти ташнобхонаи ошёнаи чоруми бинои Маркази савдои «Ашан», воқеъ дар кӯчаи Дӯстии халқҳои ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе сӯхтор ба амал омад. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Бо қабули хабар фавран ба ҷойи ҳодиса 14 адад нақлиётҳои сӯхторхомушкунии асосӣ ва махсуси ҷузъу томҳои Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД сафарбар карда шуданд. Дар вақти ба маҳалли ҳодиса расидани кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар масоҳати 1 метри мураббаъ шифтро забонаи оташ ва ошёнаи чорумро қисман дуди ғализ фаро гирифта буд.
Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврии кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар як вақт тахминан 250 нафар кормандон ва мизоҷон, инчунин миқдори муайяни молу ашёҳои қиматнок аз бинои Маркази савдои мазкур ба ҷойи бехавф таҳлия карда шуда, ҳамзамон роҳҳои паҳншавии оташ дар ҳама самтҳо ба зудӣ пешгирӣ карда шуда, сӯхтор дар масоҳати аввалааш хомӯш карда шуд.
Гунаҳгори ҳодиса муайян карда мешавад. Дар натиҷаи сӯхтор ҳеҷ кас зарари ҷисмонӣ набардоштааст. Таҳқиқи ҳодиса аз тарафи Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ бурда мешавад. Дар ҷойи ҳодиса роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ва дигар хадамоту мақомотҳои дахлдор ҳузур доштанд.








Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид






