ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. 20 ҳазор нафар сокинони шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокӣ пурра таъмин мегарданд

Август 13, 2020 13:55

ДУШАНБЕ, 13.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар назди Муҷтамаи 2700-солагии шаҳри Кӯлоб 1 адад   чоҳи амудӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Айни замон  корҳои сохтмонӣ  барои бунёди  7 адад чоҳҳои амудӣ ҷараён дошта, бо анҷоми онҳо наздики 20 ҳазор нафар сокинони шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокӣ пурра таъмин мегарданд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар  маросими  ба истифода додани чоҳи амудӣ дар назди Муҷтамаи 2700-солагии шаҳри Кӯлоб и.в. раиси шаҳри Кӯлоб  Абдуқодир Вализода  ва фаъолони шаҳр иштирок намуданд.

Иштирокчиён изҳор доштанд, ки бо ҳидоятҳои бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз масъалаҳои муҳими ҳаёти иҷтимоии шаҳри Кӯлоб, ки   пурра бо оби нӯшокӣ  таъмин кардани сокинони он  маҳсуб мешавад, роҳи халли худро меёбад.

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат вобаста ба ин масъала дар шаҳри Кӯлоб бо ташаббусу дастгирии сокинони маҳал, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша корҳо оғоз гардида бо суръат ҷараён доранд.

Тибқи таҳлилҳои мутахассисон ва таҷрибаҳои анҷомдодашуда дар аксар мавзеъҳои шаҳри Кӯлоб бо кандани чоҳҳои амудӣ оби аз ҷиҳати экологӣ тоза ва қобили истеъмол баровардан мумкин аст.

Бояд гуфт, ки чоҳҳои амудӣ дар нуқтаҳое канда шуда истодаанд, ки ҳар кадом барои ба об таъмин намудани як минтақаи муайяни ҳудуди шаҳр равона карда мешаванд. Аз ҷумла, 3 адад чоҳе, ки айни замон дар маҳаллаи Тутои ҷамоати деҳоти Балхобии ноҳияи Муъминобод канда шуда истодаанд, барои беҳтар намудани таъминоти оби нӯшокии маҳаллаҳои А.Ҷомӣ, С.Вализода, Теболай, Боғи Ҳабиб, Тудакафш, Дӯстӣ ва як қисмати маҳаллаи 1-уми май равона шуда, эҳтиёҷоти 7450 нафар аҳолиро қонеъ мегардонад. Баъди ба истифода додани  1 адад чоҳи амудӣ дар деҳаи Тудакафш сокинони маҳаллаҳои 11, маҳаллаи 8 ва  А. Ҷомӣ, ки  3506 нафар аҳолиро дар бар мегиранд, бо оби нӯшокӣ таъмин мешаванд.   1 адад чоҳи амудие, ки  дар назди собиқ таваллудхонаи вилоятӣ сохта мешавад,  барои беҳтар намудани таъминоти оби нӯшокии маҳаллаҳои Ҷ. Алӣ, Пушкин ва қисмати аз 1 майи шаҳр, ки 3879 нафар аҳолӣ доранд, мусоидат менамояд.

Айни замон   сохтмони 1 адад чоҳи амудӣ дар назди Корхонаи коммуналии шаҳр идома дошта, он барои беҳтар намудани таъминоти оби нӯшокии кӯчаҳои Ҳисориён, Маҳмадӣ Ҳакимов Бозорӣ, Фрунзе ва қисме аз маҳаллаи С. Даминзода, ки  зиёда аз 1943 нафар аҳолӣ доранд, пешбинӣ гардидааст. Ҳамчунин  дар ҳудуди Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб низ кандани 1 адад чоҳи амудӣ  дар назар дошта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки   моҳи гузашта  бо  саҳми  зодагони шаҳри Кӯлоб — Мансурҷон Умаров ва Ҳикматулло Фатоҳов, ки айни замон сокинони шаҳри  Душанбе мебошанд, ба маҳаллаи Лоҳутӣ  хати нави оби тозаи ошомиданӣ кашида шуд. Сокинони маҳаллаи Лоҳутӣ  солҳо аз норасоии оби тозаи нӯшокӣ танқисӣ мекашиданд.Сокинони маҳалла аз Мансурҷон Умаров ва Ҳикматулло Фатоҳов миннатдоранд, ки ин мушкили онҳоро осон гардониданд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Август 13, 2020 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар Хатлон дар беш аз 64 ҳазор гектар тухмгузории малахи марокашӣ ба қайд гирифта шудааст
СОЛИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар деҳаи Нурафшони шаҳри Турсунзода толори варзишӣ ба истифода дода шуд
Ба иқтисоди Тоҷикистон соли 2025 қариб 7 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ворид гардид
Ҳайати Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар ҷаласа доир ба татбиқи методологияи «Таҳқиқоти вақти иҷозати мол» иштирок намуд
Ҷаласаи миллӣ оид ба таҳияи дастурамалҳои рушди устувори гидроэнергетикаи хурд баргузор шуд
Масъалаи афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Русия баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар муқовимат ба коррупсия густариш меёбад
Дар шаҳри Остона масоили омодагӣ ба Саммити минтақавии экологӣ баррасӣ гардид
Соли 2025 ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 8 миллиарду 295,6 миллион доллар молу маҳсулот ворид карда шуд
Дар Бонки миллии Тоҷикистон оид ба риояи талаботи қонунҳои миллӣ ҳамоиш доир гардид
Дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дафтари минтақавии рушди таҳвилгарон ва содирот таъсис дода мешавад