ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Хоруғ ба шарафи ҷашни Истиқлолият иншооти муҳим мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд

Август 12, 2020 15:31

ДУШАНБЕ, 12.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Котиби шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода дар ҷараёни боздиди корӣ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ҷараёни корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар маркази вилоят шинос гардид. Дар ин бора аз бахши таҳлилӣ — иттилоотии дастгоҳи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Котиби шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд. Боздиди корӣ нахуст аз Маркази савдои навбунёд, воқеъ дар бозори «20-солагии Истиқлолият» оғоз гардид. Бояд гуфт, ки дар ин мавзеъ бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Айдибек Бекмуродӣ сохтмони Маркази савдои сетабақа идома дошта, қарор аст дар остонаи ҷашни миллӣ чорумин маркази тиҷоратӣ дар шаҳри Хоруғ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад.

Дар ҳудуди бозори «20 солагии Истиқлолият» ҳамчунин бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ коргоҳи дӯзандагӣ бо ҷалби 45 нафар бонувону ҷавондухтарон дар пешорӯи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт. Бунёди коргоҳи мазкур барои фаъолияти пурсамар ва фароҳам овардани рушди соҳибкорӣ дар ин гӯшаи мамлакат мусоидат менамояд.

Котиби шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода зимни боздид аз иншооти ҷашнии шаҳри Хоруг аз мавзеи сохтмони пули мошингузари маҳаллаи Селхозтехника дидан кард. Бо мақсади коҳиши танбашавӣ дар хатсайриҳои шаҳри Хоруғ бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди сеюмин пули калони мошингузар бар фарози рӯдхонаи Ғунд дар шаҳри Хоруғ дар назар дошта шудааст. Тибқи лоиҳаи сохтмонӣ, дарозии он беш аз 200 метр буда, дар маркази вилоят нахустин пули мошингузари замонавӣ хоҳад буд.

Бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ ҳамчунин сохтмони бинои филиали рақами 66-и Бонки давалатии амонатгузории ҷумҳурӣ «Амонатбонк» оғоз гардида, аллакай 68 фисади корҳо ба анҷом расиданд. Бинои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикитсон «Амонатбонк» иншооти ҷашнӣ буда, дар арафаи таҷлили сазовор аз ҷашни Истиқлолияти давлатӣ мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Тибқи лоиҳа, бинои мазкур чорошёна буда, аз маҷлисгоҳ, шуъбаҳо ва қисми амалиётиву утоқҳои махсуси корӣ иборат мебошад. Фармоишгари ин сохтмон худи бонки мазкур ба ҳисоб меравад.

Гурӯҳи корӣ ҳамчунин бо ҷараёни сохтмони Театри миллӣ дар шаҳри Хоруғ аз наздик шинос гардида, барои ба тартиб даровардани роҳравҳо ва майдончаҳои атрофи бинои Театр масъулини сохтмониро муваззаф намуданд, ки дар асоси тарҳи меъмориву шаҳрсозӣ ҳудуди Театри миллиро пурра навсозӣ намоянд. Зикр гардид, ки театри мазкур барои 1000 ҷойи нишаст пешбинӣ гардида, маблағи сохтмони он баробар ба 37 миллион сомонист ва ҳоло қариб 90 фоизи ин маблағ ба кор бурда шудааст.

Август 12, 2020 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нав дар вилояти Суғд баён дошт
Бонки миллии Тоҷикистон бо IFSB омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи бонкдориро баррасӣ намуданд
Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» 3000 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият менамоянд
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Швейтсария 49,8 миллион долларро ташкил дод
Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ иштирок намуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 25 километр роҳи деҳаи Гулзори шаҳри Кӯлоб мумфарш карда мешавад
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба «Mooр Стивенс» барои фаъолияти аудиторӣ иҷозатнома дод