ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар ноҳияи Данғара биноҳои нави чанд муассисаи таълимӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд
ДУШАНБЕ, 01.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Асадулло Раҳмон, Вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода, Раиси ноҳияи Данғара Исломиддин Раҳмон дар расми ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №45-и деҳаи Шаршари Ҷамоати деҳоти «Пушинг» иштирок намуданд. Ин муассисаи таълимӣ бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 45 сохта шуд. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, маблағи лоиҳавии иншоот 3,5 миллион сомониро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии замини мактаб 1,37 гектарро ташкил дода ва он дар маркази деҳа дар ҷойи хушбоду ҳаво сохта шудааст.
Мактаб барои 240 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ гардида, аз ду ошёна иборат мебошад. Муассисаи мазкур дорои 14 утоқ, аз ҷумла 10 синфхона, синфхонаи муҷаҳҳаз бо 12 адад компютер, китобхона ва майдончаи варзишӣ иборат мебошад.
Худи ҳамин рӯз дар деҳаи Чаманистони ноҳияи Данғара, ки 70 сол қабл бунёд ёфтааст, нахустин мактаб мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода, Вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода, раиси ноҳия Исломиддин Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №79 дар деҳаи Чаманистони Ҷамоати деҳоти “Оксу» ширкат варзиданд. Хонандагони ин деҳа то имрӯз бинобар сабаби надоштани муассисаи таълимӣ дар муассисаҳои таълимии №26, деҳаи Корез ва қисми дигари толибилмон дар мактаби №66 Ҷамоати деҳоти Оқсу, ки 2-3 км масофа дорад, таҳсил менамуданд. Маблағи лоиҳавии иншоот 3,6 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Мактаби мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории лоиҳаи Бунёди миллии иҷтимои маблағгузории Тоҷикистон бунёд шудааст.
Масоҳати умумии замини муассиса 1,36 гектарро ташкил дода, зери сохтмони он 497 м2 ташкил медиҳад.
Иншооти таълимии мазкур дуошёна буда, барои 240 ҷойи нишаст дар як баст пешбинӣ шудааст. Он дорои 10 синфхонаи таълимӣ, синфхонаи касбу ҳунар барои духтарон ва писарон бо тамоми шароит муҷаҳҳаз ва китобхонаи замонавӣ мебошад.
Шумораи омӯзгорон 15 нафар ва шумораи хонандагон 180 нафар аст.
Ҳамчунин Раиси вилоят дар маросими ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №58-и деҳаи Зулоли Ҷамоати деҳоти ба номи И. Шарифови ноҳияи Данғара иштирок кард.
Иттилоъ дода шуд, ки таълимгоҳи мазкур соли 1989 сохта шуда, дар аввал муассисаи таълимии 4-сола ва минбаъд ба муассисаи таълимии миёнаи асосӣ табдил дода шуд. Бо зиёд шудани шумораи аҳолии деҳа, ки 13000 нафарро ташкил медиҳад, соли 2014 мактаб ба зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ гузашт.
Бинои нави муассиса аз ҷониби соҳибкори саховатпеша Исмонқул Таваралиев ба истифода дода шуд. Масоҳати умумии замини муассиса 1,8 га буда, масоҳати таҳҷои бино 0,18 гектар аст.
Муассиса аз ду ошёна иборат буда, барои 240 нафар толибилм дар як баст пешбинӣ шудааст. Он дорои 14 ҳуҷра, аз ҷумла 10 синфхонаи таълимӣ мебошад.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба соҳибкор И. Таваралиев ҷоизаи «Ободгари Ватан» супорид.
Ҳамчунин, худи ҳамин рӯз дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар расми ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №39-и деҳаи Дилнишини Ҷамоати деҳоти «Пушинг»-и ноҳияи Данғара иштирок намуд.
Муассисаи таълимии мазкур 61 сол муқаддам ҳамчун муассисаи таълимии 4-сола ва баъдан таҳсилоти миёнаи асосии 8-сола таъсис ёфтааст. Соли 2007 мактаб ба зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ гузашт.
Бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 39 сохтмони бинои нави мактаб дар соли 2018 оғоз гардид, ки имрӯз мавриди истифода қарор гирифт. Маблағи лоиҳавии иншоот 3,5 миллион сомониро ташкил медињад.
Мактаб барои 240 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ гардида. аз ду ошёна иборат мебошад. Муассисаи мазкур аз 10 синфхона, як синфхонаи муҷаҳҳаз бо 12 адад компютер ва китобхона иборат мебошад.
Дар деҳаи Дилнишин қаблан мактаб бо 120 ҷои нишаст мавҷуд буда, дар ҳолати садамавӣ қарор дошт.
Инак, бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин мушкилии фарзандони деҳаи Дилнишин ҳал гардид ва онҳо соҳиби даргоҳи замонавии илму маърифат гардиданд.
Имсол дар ин таълимгоҳ 17 омӯзгор ба 237 нафар хонанда дарс хоҳанд гуфт.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дода буд, ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара сохтмони зиёда аз 372 адад иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Аз шумораи умумии иншооти сохташаванда 153 адади он алакай мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.
Рӯзҳои наздик 33 иншооти дигари ҷашнӣ ба истифода дода мешаванд. То моҳи сентябри соли 2021 бунёди боз 93 адад иншоот пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин мумфаршкунии 184 км роҳҳои ноҳия дар назар дошта шудааст ва то имрӯз дар зиёда аз 94 км-и он корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидаанд.
Тавре масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, аз 371 иншооти ба шарафи ҷашни миллӣ бунёдшаванда 38 адад ба соҳаи маориф, 70 адад ба соҳаи тандурустӣ, 8 адад ба соҳаи фарҳанг, 35 адади он ба соҳаи варзиш рост омада, инчунин сохтмони 14 корхонаи саноатӣ ба нақша гирифта шудааст.