ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Оилаи Ҷалоловҳо 3 километр роҳи деҳаи Дӯстӣ-Муъминободро мумфарш менамоянд

Август 15, 2020 09:15

 ДУШАНБЕ, 15.08.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Дар пайравӣ аз амалҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод оилаи Ҷалоловҳо аз деҳаи Дӯстии Ҷамоати деҳоти Боғгаӣ бо ташаббуси сарвари оила  Саидакбар Ҷалолзода тасмим гирифтанд, ки 3 километр шоҳроҳи деҳаи Дӯстӣ — Муъминободро мумфарш намоянд. Дар ин бора мудири бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Муминобод Бахтовари Диловар ба хабарнигори АМИТ “Ховар” хабар дод.

Ҳамчунин пас аз анҷоми мумфаршгардонӣ ин роҳ тариқи батареяҳои офтобӣ чароғон карда  шуда, ҳамзамон дар шоҳроҳи деҳаи Дӯстӣ — Муъминобод ва Муъминобод-Кӯлоб истгоҳи замонавӣ ба истифода дода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки аз ҷониби ин оилаи саховатпеша соли 2004 220 оила ва мактаби деҳа бо оби нӯшокӣ таъмин гардида, соли 2006  атрофи мактаби деҳа панҷарабандӣ гардида, соли 2017 барои ҷавонони деҳа майдончаи варзишӣ  сохта ба истифода дода шуд.

Август 15, 2020 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд