Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб-2020» аз Бадахшон оғоз гардид

Август 5, 2020 10:40

ДУШАНБЕ, 05.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. 3 август Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб-2020» аз ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз гардид. Он  дар доираи Барномаи давлатии «Рушди муассисаҳои фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» доир шуда, 200 номгӯй китобро бо теъдоди 3489 нусха, ки ба маблағи 110 000 сомонӣ харид шудаанд, ба китобхонаҳои вилоят тақсим менамояд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ҳамчунин дар асоси фармоиши Вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода ду муассисаи тобеи вазорат- Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва Хонаи китоби Тоҷикистон дастуру феҳрастҳои библиографӣ ва дигар матолиби чопиро барои Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб-2020» ҷудо намуданд. Дар маҷмӯъ кӯлвори  «Корвони китоб» бо 254 номгӯй китобу ҷузва бо теъдоди 5945 нусха ва ба маблағи 154 934,35 сомонӣ мураттаб гардид.

Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб-2020» баъд аз расонидани кӯлвори китоб ба ноҳияи Дарвоз ба ноҳияи Ванҷ сафар намуд.

Ҳадаф ва моҳияти ин  амал,  пеш аз ҳама,  рушду густариш, баланд бардоштани  савияи дониш, маърифатнокии шаҳрвандон ва тарбияи маънавии  сокинони ҷумҳурӣ мебошад.

ДАР АКС: Корвони китоб дар ВМКБ. Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Август 5, 2020 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад