Ба сокинони эҳтиёҷманди шаҳру ноҳияҳои Бадахшон туҳфаҳои Пешвои миллат тақдим шуданд

Август 7, 2020 13:39

ХОРУҒ, 07.08.2020 /АМИТ«Ховар»/. Дар остонаи ҷашни 29 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун нишони самимияту эҳтиром ва дастгирию ғамхориҳои доимӣ  нисбат ба мардуми сарбаланди тоҷик  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони эҳтиёҷманди шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла ба  760 нафар маъюбони гурӯҳи I,   899 нафар маъюбони  гурӯҳи  II, 188 нафар кӯдакони маъюби  то 18-сола, 70 нафар ятимони кулли то 18-сола,  дар маҷмӯъ ба 1917 нафар воситаву таҷҳизоти ёрирасону тавонбахшӣ ва маблағҳои муайян  кумак намуданд.

Муовини раиси вилоят Назира Амирбекзода изҳор дошт, ки дастгирии табақаҳои осебпазири ҷомеа, махсусан маъюбону ятимон, пирони бесаробон ва  ашхоси нотавону бемор яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Тавре дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардидааст: «Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеаро ҳамеша дар маркази диққати худ қарор дода, вобаста ба рушди иҷтимоии мамлакат барои беҳтар намудани шароити зиндагии онҳо пайваста чораҷӯӣ менамояд».

Дар доираи  ибтикороти шоистаи иҷтимоӣ ва ташаббусҳои рӯҳбаландсози Сарвари давлат расонидани кумак ба оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон, беморону маъюбон ва шахсони эҳтиёҷманд дар Тоҷикистон  ба ҳукми анъана даромада, чунин тадбирҳои муҳиму хайр  пайваста анҷом дода мешаванд.

Дар доираи кумакҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҳтиёҷмандони шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба 1337  нафар маъюбоне, ки эҳтиёҷ ба воситаҳои техникии тавонбахшӣ надоранд,  ба ҳар нафари онҳо 1500 сомонӣ ва ба 510 нафар маъюбоне, ки ба воситаҳои техникии тавонбахшӣ ниёз доранд, ба ҳар нафари онҳо  1000 сомонӣ ва воситаҳои техникии тавонбахшӣ дастрас карда шуд. Дар маҷмӯъ кумакҳои Пешвои миллат дар баробари дастгириҳои молиявӣ ҳамчунин аз  510 адад воситаҳои техникии тавонбахшӣ, аз ҷумла  110 аробачаи маъюбӣ, 90 асо, 100 асобағал, 60 асои такякунанда, 100 дастгоҳи шунавоӣ ва 50 таҷҳизоти ёрирасони роҳгардӣ  иборат мебошанд.

Кумакҳои хайриявии  Пешвои миллат аз ҷониби гурӯҳҳои кории масъул аз ҳисоби намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  ва шаҳру ноҳияҳои он ба зиёда аз 2 ҳазор нафар сокинони ниёзманди вилоят дастрас карда шуданд.

Ҳамчунин дар доираи ғамхорию таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ятимону бепарасторон  кумакҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба 70 нафар ятимони кулл аз шаҳру ноҳияҳои  вилоят  дар шакли  либос ва ба ҳар нафари онҳо 1000 сомонӣ супорида шуданд.

Август 7, 2020 13:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид