«БАДАХШОН БО ЭМОМАЛӢ РАҲМОН»-таҳти ин унвон китоби нав ба нашр расид

Август 24, 2020 10:05

ДУШАНБЕ, 24.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташрифи навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки аз 19 то 22 августи соли равон  сурат гирифт, аз ҷониби Институти илмҳои гуманитарии ба номи Баҳодур Искандаров ва дастгириҳои Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов китоби «БАДАХШОН БО ЭМОМАЛӢ РАҲМОН» ба нашр расид. Дар ин бора муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Назира Амирбекзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.

Муҳаққиқ ва муҳаррири китоб, директори Институти илмҳои гуманитарӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҳоким Қаландариён дар китоби мазкур сафарҳо ва суханрониҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро аз соли 1993 то соли 2018 ҷамъоварӣ ва мавриди таҳқиқ қарор дода, дастгириҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят ба таври хосса зикр намудааст.

Дар саҳифаи аввал сухани муовини Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов оид ба ташаббусҳои роҳбарияти олии мамлакат дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардуми Бадахшон ва ҷалби зиёди маблағҳои буҷетӣ ба рушди ин минтақаи Тоҷикистон нек арзёбӣ намуда, самимият ва дӯстдории мардуми ин вилоятро ба Пешвои миллат изҳор намудааст. Мавсуф Ҷаноби Олиро «Пешвои равшанназар ва раҳнамои равшангуҳар» ном бурда, саҳми ин фарзонафарзандро дар тараққиёти ин гӯшаи мамлакат-яъне Бадахшон фоли нек хондааст.

«Китоб баҳри боз ҳам бештар аз худ намудани пешравиҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва нақшаҳои мукаммали давлату Ҳукумати мамлакат муҳим буда, барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ гардидааст»,-иброз намуд Назира Амирбекзода.

Август 24, 2020 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд