Бунёди 83 корхонаи нави саноатӣ — қадами муассир дар самти саноатикунонии мамлакат

Август 11, 2020 14:32

ДУШАНБЕ, 11.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон дар ҷумҳурӣ 83 корхонаи нави саноатӣ бо таъсиси 1135 ҷойи кори нав ба истифода дода шудаанд. Аз ин корхонаҳо 34 адад бо 407 ҷойи кори нав ба вилояти Суғд,  21 корхона бо 143 ҷойи кори нав ба вилояти Хатлон, 2 корхона бо 7 ҷойи кори нав ба Бадахшон, 13 корхона бо 501 ҷойи кори нав ба шаҳри Душанбе ва 13 корхона бо 77 ҷойи кори нав ба навоҳии тобеи марказ рост меоянд.

Тибқи иттилои  Вазорати саноат ва технологияҳои нави мамлакат, аз шумораи умумии корхонаҳои нав 29 корхона ба саноати хӯрокворӣ, 17 корхона ба саноати сабук, 17 корхона ба соҳаи масолеҳи сохтмон, 13 корхона ба соҳаи мошинсозӣ, 2 корхона ба саноати маъдан, 1 корхона ба соҳаи табъу нашр ва 4 корхона ба дигар соҳаҳо марбут буда, аз ҷониби корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 491 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудааст.

Ҳамзамон дар ин давра барои таъсиси истеҳсолоти нав, воридоти таҷҳизоти нави технологӣ ва васеъгардонии фондҳои истеҳсолӣ дар соҳаҳои саноат беш аз 2,5 миллиард сомонӣ  сармоягузорӣ карда шудааст. Аз ҷумла, дар соҳаи истихроҷи канданиҳои фоиданок 38,5 миллион сомонӣ, дар соҳаи коркард 156,8 миллион сомонӣ, дар соҳаи истеҳсол ва тақсимоти неруи барқ, газ ва об ба маблағи зиёда аз 2,3 миллиард сомонӣ техника ва таҷҳизоти нави технологӣ ворид карда шудааст.

Август 11, 2020 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид