Дар деҳаи Заркамари ноҳияи Файзобод бинои нави таълимӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 14.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи соли хониши 2020-2021 толибилмони муассисаи таҳсилоти умумии №26-и деҳаи Заркамари ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзободро туҳфа арзишманде насиб гардид. Бинои қаблии муассисаи мазкур дар ҳолати садамавӣ қарор дошт. Соҳибкорони маҳаллӣ Мансур Нурматов ва Абдуҷалил Саидов барои онҳо бинои нави таълимӣ сохтанд, ки 13 август мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Акнун хонандагони ин мактаб дар синфхонаҳои муосир дарс меомӯзанд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
«Дар маросими кушодашавии бинои нави таълимӣ муовини Вазири маориф ва илм Нуралӣ Собирзода, раиси ноҳияи Файзобод Миралӣ Раҷабзода, директорон, омўзгорон ва кормандони муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок намуданд»-,афзуд манбаъ.
Дар ҷамъомад муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Собирзода аз суханони Пешвои миллат оид ба рушди соҳаи маориф ёдоварӣ намуд. Номбурда, аз ҷумла зикр кард, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки «Мактаб ҳамчун даргоҳи муқаддас барои ташаккули шахсият дар ҷомеа ва мавқеи устувор пайдо кардани ӯ нақши асосиву ҳалкунанда дорад.Фаромӯш набояд кард, ки ҳар шахс ба ҳар мақому мартабае, ки расида бошад, донишҳои аввалинро аз мактаб ва омӯзгор гирифтааст. Илова ба корҳое, ки давлат дар самти рушди соҳаи маориф то имрӯз анҷом додааст, ман борҳо шахсонеро, ки шароити хуби молиявӣ доранд, даъват кардам, ки дар зодгоҳи худ муассисаи таълимие бунёд намоянд ё аз рӯи имконият барои таъмири мактабе, ки дар он таҳсил кардаанд, кумаку мусоидати худро дареғ надоранд».
«Амали шоистаи соҳибкорони ноҳияи Файзобод Мансур Нурматов ва Абдуҷалил Саидов, ки дар сохтани ин бинои таълимӣ саҳм гузоштанд, шоистаи таҳсину пайравӣ мебошад»,-афзуд Нуралӣ Собирзода .
Сипас аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба роҳбарияти муассисаи таълимӣ, соҳибкорони маҳаллӣ ва раисони маҳаллаву ҷамоат ҷиҳати анҷом дордани корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва саҳми арзанда гузоштан дар рушди маҳал «Сипоснома» тақдим карда шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки бинои таълимӣ иборат аз чор синфхона барои 120 хонанда дар як баст ва аз утоқи директор иборат мебошад. Теъдоди хонандагон дар муассисаи мазкур 441 нафарро ташкил дода, дар он 20 нафар омўзгор ба таълиму тарбия машғул мебошад. Дар муассиса дарсҳо дар ду баст ҷараён мегиранд.








Бо мақсади муаррифии васеи Тоҷикистон як зумра филмҳои мустанад ба забони англисӣ тарҷума ва дубляж гардиданд
Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги шаҳрҳои Истаравшан, Норак ва ноҳияҳои Фархор, Носири Хусрав, Ёвон, Мастчоҳ ва Дӯстӣ доир мегарданд
«Харитаи хатсайри Шӯриши Восеъ» ба ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ мусоидат менамояд
Корҳои тармиму барқарорсозӣ дар ёдгориҳои Қалъаи Муъминобод, Қалъаи Кӯлоб ва қасри Ҳокими Ҳисор идома доранд
Дар Бадахшон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ҷамъбаст гардид
Бо иштироки олимони бостоншинос филми мустанади «Хутали қадим» таҳия гардид
Дар Тоҷикистон 6 агентии иттилоотӣ, аз ин 1 давлатӣ ва 5 мустақил фаъолият доранд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Шоҳи қуллаҳо» — филми мустанад дар мавзуи ҳифзи бабри барфӣ сазовори ҷоиза гардид
Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бинои беназир дар минтақа — Театри миллии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон ду барномаи нави соҳаи фарҳанг қабул гардид
Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар Қалъаи Ҳисорро тамошо намуд






