Дар Душанбе дурнамои ҳамкории фарҳангии Тоҷикистон ва Россия баррасӣ гардид

Август 14, 2020 13:21

ДУШАНБЕ, 14.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. 13 август  Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода бо муовини вазири фарҳанги Федератсияи Россия Олга Ярилова мулоқот намуд. Дар  суҳбат   ҷонибҳо масъалаи фароҳам овардани имконият ба муҳаққиқони ҷавони фарҳангшиноси тоҷик барои таҳсил дар аспирантура ва докторантураҳои муассисаҳои олии таълимии Федератсияи Россияро  мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг  иттилоъ доданд.

Дар мулоқот тарафҳо  паҳлуҳои дурнамо ва имконияти ҳамкориро дар самтҳои дигари фарҳанг, аз ҷумла китобдорӣ, табъу нашр, мубодилаи иттилоот, омоданамоии мутахассисони тоҷик дар донишкадаву донишгоҳҳои соҳавии Федератсияи Россия, ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарсҳои маҳорат, табодули таҷриба, фиристодани ҳунармандони соҳибкасб ва соҳибмалака барои омӯзонидани ҳунармандони ҷавон таҳлил намуданд.

Дар мулоқот муовини якуми Вазири фарҳанги Тоҷикистон Обид Назариён, муовинони Вазири фарҳанг Қурбоналӣ Абдураҳимзода ва Манучеҳр Шарифзода, муовини сардори Намояндагии «Россотрудничество» дар Тоҷикистон Иван Иванов низ иштирок намуданд.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода оид ба фаъолияти вазорат, дастовардҳои соҳаи фарҳанги мамлакат ва таваҷҷуҳи хоссаи Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат маълумот дода, зикр намуд, ки дар ҷумҳурӣ сохтмонҳои азими фарҳангӣ, аз ҷумла Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва садҳо иншооти фарҳангӣ бунёд гардидаанд. Рӯзҳои наздик бинои нави Театри мусиқӣ-драмавии шаҳри Хоруғ бо иштироки Пешвои миллат ба фаъолият оғоз мекунад.

Дар ҷараёни мулоқот фаъолияти Театри давлатии драмавии русии ба номи В. Маяковский, тарбияи ҳунармандони соҳаи театр, ташкили табодули китоб тавассути нусхаҳои ҳатмӣ, дастраснамоии китобҳои бадеӣ ба китобхонаҳои мамлакат, тарҷумаи китобҳои адибони классик ва муосири рус бо забони тоҷикӣ ва адибони тоҷик ба забони русӣ ва ғайра баррасӣ гардид.

Дар фарҷом ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкории мутақобилаи судманд дар соҳаи фарҳанг бо истифода аз таҷрибаи мавҷуда дар ҳалли масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ изҳор доштанд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамкории дуҷонибаи фарҳангӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия аз соли 1992 оғоз гардида, пайваста рушд менамояд.

Август 14, 2020 13:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид