Дар Хуҷанд гимназияи нав ба фаъолият оғоз намуд
ДУШАНБЕ, 18.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи соли нави таҳсил дар шаҳри Хуҷанд Муассисаи нави таълимӣ-Гимназияи «Эҳёи маънавият» ба фаъолият оғоз намуд, ки дар маросими ифтитоҳи он роҳбарияти шаҳр ва кормандони соҳаи маориф ширкат варзиданд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Зимни ифтитоҳи муассисаи таълимӣ иброз гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илму маориф эътибори махсус дода, барои пешрафти ин соҳаи афзалиятнок тадбирҳои зарурӣ меандешад. Таҷрибаи мавҷудияти инсоният собит месозад, ки афроди босаводу донишманд барои ҳар давлату миллат сарвати бебаҳо ва неруи тавонои зеҳнӣ ба шумор мераванд, бинобар ин, дар асоси таҷрибаи таърихиву арзишҳои миллӣ тарбия намудани насли ояндасоз вазифаи ҷонии устод, омӯзгор ва мураббӣ маҳсуб мешавад.
Гимназияи «Эҳёи маънавият» аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Нуринисо Ҷӯраева дар бинои 4-ошёна таъсис ёфта, аз 33 синфхона, толори тамрин, майдончаи варзишӣ, ошхона, толори фарҳанг ва дигар инфрасохтори таълимӣ иборат мебошад. Дар соли хониши 2020-2021 дар он ҳамагӣ 40 нафар хонанда ба синфҳои 1, 2, 3, 5 ва 6 қабул шудаанд.
Дар гимназияи мазкур 18 нафар корманд, аз ҷумла 12 нафар омўзгор бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд.








Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






