Дар Ишкошим бинои Кумитаи замин ва геодезӣ ифтитоҳ гардид

Август 25, 2020 12:01

ХОРУҒ, 25.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳо   ва мулоқот бо фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон соли 2021 — Соли рушди ноҳияҳои Роштқалъаву Ишкошим  ва Ванҷ  эълон гардид. Ба ин хотир  нахустин иқдом аз тарафи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯи даст гирифта шуда, хишти бинои маъмурии  идораи мазкур дар ноҳияи Роштқалъа гузошта шуд. Ҳамзамон  дар ноҳияи Ишкошим  бинои нави бахши ноҳиявии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ  мавриди истифода қарор гирифт.

Дар доираи икдомоти созандаи Пешвои миллат дар ноҳияи Роштқалъа бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилоят Ёдгор Файзов ва раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода бо мақсади  вусъати корҳои ободониву созандагӣ дар яке аз гӯшаҳои маркази ин ноҳия барои бунёди бинои маъмурии Идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии  «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»   санги асос гузошта шуд.

Бинои мазкур дар остонаи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Он аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, тасмим аст, ки дар атрофи он  силсилаиншооти таъйиноти гуногуни иҷтимоӣ бунёд шаванд.

Раиси Кумитаи давлатии  идораи замин ва геодезӣ зимни ифтитоҳи бинои  нави Кумита дар ноҳияи Ишкошим ширкат намуда, бо кормандони бахши ноҳиявии ин кумита дар бораи роҳҳои боз ҳам беҳтар истифода бурдани замин, ба кор андохтани қитъаҳои замини бекорхобида ва аз ҳама муҳим, одилона тақсм кардани замин байни сокинони деҳот мубодилаи афкор намуд. Зимни боздид аз утоқҳои кории кормандон барои таъмини шаффофияти кори соҳа  пешниҳод шуд, ки  нархномаи тасдиқшударо дар бораи хизматрасониҳои вобаста ба замин дар Шуъбаи  фаъолияткунандаи заминсозию бақайдгирӣ  насб намоянд, то ин ки сокинони ноҳия аз  ҳаққи хизматрасониҳои бақайдгирию техникӣ пурра огоҳ бошанд.

Раиси бахши ноҳиявии  Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ  Мамадёқуб Имомдодов аз муҳайё намудани шароити зарурии  корӣ  ва таъмини  утоқҳои барҳаво ба Ҳукумати ҷумҳурӣ  изҳори сипос намуда, гуфт, ки дар ҳамкорӣ бо  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои истифодаву ҳифзи замин, ҳосилхез кардани он, ба вуҷуд овардани шароити мусоид барои ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ талош мекунанд.

Ба истифода супоридани  бинои нави Кумитаи замин дар ин ноҳия ба рушди минбаъдаи фаъолияти соҳа дар қаламрави ноҳияи Ишкошим  мусоидати хуб менамояд. Зеро ноҳияи номбурда бо заминҳои  ҳосилхези худ дар ҳудуди вилоят ҷойгоҳи хосса дошта, талаботи истифодабарандагони  замин сол аз сол  бештар мегардад.

Август 25, 2020 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ биноҳои нави муассисаҳои таҳсилоти томактабиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд