Дар ноҳияи Хуросон ба ҷавондухтарон ҳунари пазандагӣ меомӯзанд

Август 1, 2020 10:43

ДУШАНБЕ, 01.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар  ҳавлии сокини ноҳияи Хуросон Райҳон Ҳамроқулова ба ҷавондухтарон тарзи аз чакка омода намудани қурут ва хушконидани алафҳои хушбӯй барои таомҳои миллӣ, инчунин тарзи омода намудани хӯришу шарбатҳо барои фасли сармо омӯзонида шуд. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд.

Райҳон Ҳамроқулова 76-сола буда, зани хеле моҳиру кордон аст. Мавсуф иброз намуд, ки ҳамасола аз ҳисоби як сар чорвои калони шохдораш равғани зард ва қурут захира карда, дар фасли сармо таомҳои миллии курутоб, фатирмаска аз фатири гандумӣ барои аҳли хонадон омода месозад.  Аз ширинии тут ва харбуза ҳалво мепазад ва аз ҳар гуна кабудиҳои барои захира хушконидааш истифода мекунад, ки таъми таомро лазиз месозанд.

Чанд муддат аст, ки Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои баланд бардоштани сатҳи иқтисодии оилаҳо ва ба касбу ҳунаромӯзӣ фаро гирифтани занону духтарон ба онҳо  истифодаи оқилонаи қитъаи заминҳои наздиҳавлигӣ ва аз меваю сабзавоти дастранҷашон барои давраи зимистон захира намудани шарбату хӯришҳоро омӯзонида истодааст.

Маълум аст, ки дар баробари он ки баъзе сокинон як қисми маҳсулоташонро ба бозор барои фурӯш мебароранд, вале бархе сокинон бепарвоӣ зоҳир карда, миқдори зиёди сабзавоту меваҷоти худро захира намекунанд ва дар натиҷа он пӯсида, аз байн меравад.

Занону духтарони мо бояд сарфаю сариштакор бошанд ва дар ин мавсими гарм, ки ҳамаи маҳсулотро истеъмол карда намешавад ва қисме мепӯсанд, ё сокинон сари вақт наметавонанд онро ба бозор бароранд, бояд аз онҳо хӯришу шарбатҳо омода намоянд.

Ин гуна маҳсулотро дар зарфҳо метавон на танҳо як сол, балки то ду сол нигоҳ дошт ва истеъмол намуд.

Танҳо кадбонуҳоро зарур аст, ки зимни омода намудани хӯришу шарбату афшураҳо қоидаҳои беҳдоштӣ ва тозагиро пурра риоя кунанд.

Август 1, 2020 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

31 июл дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод нишасти матбуотӣ доир мегардад
Дар шаҳри Душанбе шумораи электробусҳо қариб ба 200 адад мерасад
Имрӯз дар доманакӯҳҳо ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод нишасти матбуотӣ доир мегардад
30 июл дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод нишасти матбуотӣ доир мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 109 фоиз таъмин гардид
ОГОҲӢ! Дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои вайрон намудани муҳити зист нисбат ба 1972 нафар санади маъмурӣ тартиб дода шуд
Тарзи амали маҷмуӣ: чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон шабакаро инкишоф медиҳад
Дар Тоҷикистон шумораи занони соҳибкор афзудааст
Дар нимсолаи якуми соли 2026 маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 81,7 миллиард сомонӣ баробар гардид
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад