Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин «Умедбахш» ба 12 нафар кӯдаки маъюб аробача тақдим кард

Август 31, 2020 15:05

ШОҲИН, 31.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо мақсади амалишавии  Барномаи  миллии  тавонбахшии маъюбон дар ҳамкорӣ бо Маркази  тавонбахшии «Умедбахш»-и ноҳия  дар байни кӯдакони  дорои имконияти маҳдуд панҷ маротиба  барномаҳои варзишию фароғатӣ  гузаронида шуда, 12 нафар  кӯдаки маъюб  бо дастгирии ҳамин марказ бо аробачаи маъюбӣ таъмин карда шуданд.

Бино ба иттилои  муовини  роҳбари шабакаи  муассисаҳои КАТС-и ноҳия Ҷумахон Назаров,  дар якҷоягӣ  бо Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим  дар байни аҳолӣ  ва марказҳои саломатии деҳот  гурӯҳҳои корӣ ташкил карда шуда, бо шахсони дорои имконияти маҳдуд зиёда аз 27 маротиба суҳбату вохӯриҳо  гузаронида шуданд.

Дар ин давра бо дастгирии  шарикони рушд дар назди бинои Маркази саломатии  ноҳия  ва Беморхонаи  марказии ноҳия  роҳрав барои истифода аз аробачаи маъюбӣ сохта шуд.

Инчунин барои 18 нафар  кормандони тибби ноҳия  дар мавзӯи «Тавонбахшии маъюбон»  давраи омӯзишӣ гузаронида шуд.

Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Август 31, 2020 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид