Дар Суғд даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ҷараён дорад
ДУШАНБЕ, 05.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳрҳои Конибодом, Исфара, Истаравшан ва ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ҷамъбаст гардид. Дар шаҳри Конибодом аз 18 нафар довталаби даври аввали озмун як нафар дар жанри академии номинатсияи сарояндагӣ, як нафар дар жанри анъанавӣ, як нафар дар жанри эстрадӣ ва дар се жанри номинатсияи навозандагӣ (анъанавӣ, эстрадӣ, академӣ) ва номинатсияи оҳангсоз як нафарӣ ба гирифтани ҷойҳои аввал сазовор гардиданд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар шаҳри Исфара даври аввали озмун бо иштироки 25 нафар довталаб гузаронида шуд. Ҳакамони озмун маҳорату истеъдоди довталабонро баҳогузорӣ намуда, 4 нафарро дар жанрҳои анъанавӣ ва академии номинатсияи сарояндагӣ ва жанрҳои эстрадӣ ва академии номинатсияи навозандагӣ барои иштирок дар даври дуюм интихоб намуданд.
Даври аввали озмун дар ноҳияи Шаҳристон бо иштироки 10 нафар довталаб гузашт. Аз миёни онҳо дар номинатсияи сарояндагӣ ду нафар, дар жанри анъанавии номинатсияи навозандагӣ як нафар ба даври дуввуми озмун роҳ ёфтанд.
Давр шаҳри Истаравшан 20 нафар довталаб маҳорати худро пешниҳоди ҳайати ҳакамон намуданд. Ҳакамон се нафарро дар се жанри номинатсияи сарояндагӣ ба ҷойҳои аввал лоиқ донистанд.
Теъдоди иштирокчиёни даври якум бемаҳдуд буда, ғолибони даври якум ба даври дуюм ва ғолибони даври дуюм ба даври сеюм роҳхат мегиранд.
Даври якум дар шаҳру ноҳияҳо баргузор гардида, довталабон дар ин даври озмун аз ҷониби гурӯҳи мутахассисони соҳаи фарҳанг ва масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки даври дуюм дар марказҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рашт доир мегардад.
Акс аз бойгонӣ








Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд






