ФУТБОЛ. Бозиҳои даври даҳуми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи аввал оғоз мешаванд
ДУШАНБЕ, 20.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз соати 17:00 дар варзишгоҳҳои мамлакат бозиҳои даври даҳуми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи аввал оғоз мешаванд.
Дар даври мазкур 20 август дастаҳои футболи «Исфара»-и шаҳри Исфара бо «Ваҳдат»-и шаҳри Ваҳдат, «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ ва «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо «Саройкамар»-и ноҳияи Панҷ ва 21 август «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод бо «Шоҳмансур»-и шаҳри Душанбе, «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор бо «Моҳир»-и ноҳияи Ёвон ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо «Барқчӣ»-и шаҳри Ҳисор байни ҳам рақобат мекунанд. Мавзӯъро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад.
Дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб, ки дар ду даври охир бар ҳарифонаш пирӯз шуд, мавқеи пешсафиашро дар ҷадвали мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон боз ҳам устувор кард. Дастаи «Равшан», ки дар 9 бозӣ 24 имтиёз гирифтааст, ду давр пеш ғолиби марҳилаи аввали мусобиқа гардид.
Дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар даври ҳаштум дар меҳмонӣ дастаи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархорро бо ҳисоби 4:1 ва дар даври нуҳум дар майдони худ дастаи футболи «Равшан»-и ноҳияи Зафарободро бо ҳисоби 6:2 мағлуб кард. Ба ин тартиб, дастаи «Равшан» барои ба Лигаи олӣ баромадан мубориза мебарад.
Дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо 18 имтиёз дар ҷойи дуюм қарор дорад. Хуҷандиҳо дар ду бозии ахир дар майдони худ бар дастаи футболи «Барқчӣ»-и шаҳри Ҳисор бо ҳисоби 3:0 ва дар меҳмонӣ бар «Моҳир»-и ноҳияи Ёвон бо ҳисоби 3:2 ғолиб омаданд. Дастаи футболи «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ, ки 16 имтиёз дорад, дар ҷадвали мусобиқа мақоми сеюмро касб кардааст. Дастаи футболи «Ҳулбук» дар ду даври ахир дар шаҳри Душанбе бар «Шоҳмансур» бо ҳисоби 2:0 ва дар майдони худ бар дастаи «Исфара»-и шаҳри Исфара бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд.
Мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон
Даври 9-ум
«Равшан» (Кӯлоб) – «Равшан» (Зафаробод) – 6:2
Голҳо: Бахтиёр Зарипов, 17 (0:1). Саидхони Амрохон, 32 (1:1). Амирҷони Фаррухзод, 38 (2:1). Зиёвуддин Фузайлов, 45+2 (2:2). Наврӯз Рустамов, 51 (3:2). Наврӯз Рустамов, 78 (4:2). Некрӯз Салимзода, 82 (5:2). Абдураҳмон Нозимов, 90+3 (6:2).
«Барқчӣ» – «Ҳосилот» – 3:1
Голҳо: Ҳакимҷон Ҳасанов, 13 (1:0). Шерзод Дадобоев, 47 (2:0). Умедҷон Холиқов, 71 (3:0). Хайрулло Азизов, 72 (3:1).
«Ваҳдат» – «Шоҳмансур» – 7:1
Голҳо: Суҳроб Асоев, 18 (1:0). Фирдавсӣ Файззода, 29 – аз пеналтӣ (2:0). Самариддин Расулов, 45 (3:0). Шаҳром Назриев, 45+1 (3:1). Фирӯз Раҳматов, 47 (4:1). Суҳроб Асоев, 50 (5:1). Самариддин Расулов, 68 (6:1). Фаридун Нарзуллоев, 90+2 (7:1).
«Моҳир» – «Эсхата» – 2:3
Голҳо: Боҳирҷон Сангинбоев, 6 (0:1). Мубинҷон Муъминов, 20 (0:2). Дилшод Тағоев, 49 (1:2). Мубинҷон Муъминов, 59 – аз пеналтӣ (1:3). Саидакбар Ҷӯрақулов, 90+2 (2:3).
«Саройкамар» – «Панҷшер» – 2:0
Голҳо: Ҳиматулло Малодӯстов, 14 (1:0). Сорбон Гирдаков, 90+3 (2:0).
«Ҳулбук» – «Исфара» – 3:1
Голҳо: Анушервони Қобилҷон, 21 (1:0). Аваз Камчинов, 23 (2:0). Ҳадис Қодиров, 70 (2:1). Аваз Камчинов, 75 (3:1).
Даври 8-ум
«Шоҳмансур» – «Ҳулбук» – 0:2
Голҳо: Зайнулло Мирзоабдуллоев, 43 (0:1). Зоирхон Холматов, 71 (0:2).
«Исфара» – «Саройкамар» – 2:0
Голҳо: Исломҷон Содиқов, 15 (1:0). Абдурашид Мирхолиқов, 72 (2:0).
«Панҷшер» – «Моҳир» – 3:0
Голҳо: Насим Маматқулов, 13 (1:0). Хайриддин Турахонов, 20 (2:0). Маҳмуд Ғаюров, 40 (3:0).
«Равшан» (Зафаробод) – «Ваҳдат» – 1:1
Голҳо: Азимҷон Мавлонов, 22 (1:0). Фирдавсӣ Файззода, 27 (1:1).
«Эсхата» – «Барқчӣ» – 3:0
Голҳо: Мубинҷон Муъминов, 42 (1:0). Мубинҷон Муъминов, 54 (2:0). Абдумалик Шодиев, 65 – аз пеналтӣ (3:0).
«Ҳосилот» – «Равшан» (Кӯлоб) – 1:4
Голҳо: Далер Чолов, 7 (0:1). Ҳасан Рустамов, 41 (0:2). Далер Чолов, 44 (0:3). Умедҷон Бадалов, 68 (0:4). Муҳаммад Шерзода, 87 (1:4).
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
| Ҷ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т | И |
| 1 | «Равшан» (Кӯлоб) | 9 | 8 | 0 | 1 | 37-16 | 24 |
| 2 | «Эсхата» (Хуҷанд) | 9 | 6 | 0 | 3 | 23-17 | 18 |
| 3 | «Ҳулбук» (Восеъ) | 9 | 5 | 1 | 3 | 19-16 | 16 |
| 4 | «Исфара» (Исфара) | 9 | 5 | 0 | 4 | 16-16 | 15 |
| 5 | «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) | 9 | 4 | 2 | 3 | 20-11 | 14 |
| 6 | «Саройкамар» (Панҷ) | 9 | 4 | 2 | 3 | 19-17 | 14 |
| 7 | «Моҳир» (Ёвон) | 9 | 4 | 2 | 3 | 23-25 | 14 |
| 8 | «Ваҳдат» (Ваҳдат) | 9 | 3 | 2 | 4 | 28-23 | 11 |
| 9 | «Ҳосилот» (Фархор) | 9 | 3 | 1 | 5 | 15-20 | 10 |
| 10 | «Равшан» (Зафаробод) | 9 | 2 | 4 | 3 | 12-16 | 10 |
| 11 | «Барқчӣ» (Ҳисор) | 9 | 2 | 1 | 6 | 18-20 | 7 |
| 12 | «Шоҳмансур» (Душанбе) | 9 | 0 | 1 | 8 | 7-40 | 1 |
Нишонзанҳо: Аваз Камчинов («Ҳулбук») – 13 тӯб, Мубинҷон Муъминов («Эсхата») – 10 тӯб, Баҳровар Ҳалимов («Моҳир») – 8-тӯбӣ.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






