Дар партави дастури Пешвои миллат дар Хадамоти гумрук китобхонаи муосир таъсис ёфт

Август 7, 2020 09:58

ДУШАНБЕ, 07.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар партави сиёсати фарҳангдӯстона ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар   Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  китобхонаи муосир таъсис дода шуд.

Тавре китобдори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зӯҳро Ҳасанзода дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, «роҳбарияти мақомоти гумрук бо мақсади баланд бардоштани донишу ҷаҳонбинии кормандони мақомоти гумрук, ҷалби ҳарчи бештари  хонандагон ба китобу китобхонӣ барои  таъсиси китобхона шароити мусоид фароҳам оварда, корҳои зиёдеро ба анҷом расонид. Китобхонаи замонавӣ дорои беш аз 7 ҳазор китобҳои Пешвои миллат, осори шоирон ва нависандагони тоҷик доир ба сиёсати  хориҷӣ, таърих ва фарҳангу тамаддуни тоҷикон, китобҳои бадеӣ,  маҷаллаю рӯзномаҳо ва дигар дастуру барномаҳои  соҳавӣ мебошад. Китобхона бо мақсади баланд бардоштани завқи  китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, арҷ гузоштан ба  арзишҳои миллию  фарҳангӣ, рушди қобилияти эҷодӣ, таҳкими худшиносӣ ва ҷаҳони маънавии кормандон таъсис дода шудааст».

Бояд гуфт, ки  махзани дониш бо  саҳми роҳбарият ва худи кормандони мақомоти гумрук ҷамъоварӣ гардида, дар мукаммалгардонии китобхона дастгоҳи марказии мақомоти гумрук ва раёсатҳои минтақавии  он саҳми муносиб гузоштаанд. Ин аст, ки аз ҷониби дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук беш аз 2000 адад, Раёсати  минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе 1200 адад, Донишкадаи такмили ихтисос зиёда аз 1200  адад, Раёсати минтақавии  гумрукӣ дар вилояти Суғд беш аз 850 адад, Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон 900 адад ва Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 820 адад китоб ҷамъоварӣ  гардидаанд.

Мутолиаи китоби «Тоҷикон» бо забони англисӣ

Айни замон дар китобхонаи дастгоҳи марказии  Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 18 раф иборат аст, китобҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин адабиёти гуногун: илмӣ-соҳавӣ, осори шоирону нависандагони адабиёти классики тоҷику форс, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон, китобҳо бо асноди  ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хати ниёгон, китобҳо бо забонҳои хориҷӣ, адабиёти бачагона ва адабиёти компютерӣ ҷой дода шудаанд. Дар посух ба савол оид ба он ки кормандони мақомоти гумрук бештар чӣ гуна адабиётро барои мутолиа дархост мекунанд,  китобдор зикр кард, ки дар баробари адабиёти соҳавӣ кормандон инчунин ба мутолиаи адабиёти ҷаҳон, ки ба забони англисӣ тарҷума ва нашр гардидаанд, мароқ зоҳир менамоянд. Ин аст, ки корманди  мақомоти гумрук Худойназар Давлатмиров дар зарфи 14 рӯз китоби «Тоҷикон»-и аллома  Бобоҷон Ғафуровро ба забони англисӣ, инчунин дигар кормандон —  Сиёвуш Раҳматов  ва Шаҳбоз Давлатмиров қиссаҳои кӯтоҳи нависандаи англис Джозеф Редярд Киплингро (1865-1936)  дар муддати 18-20 рӯз ба забони англисӣ мутолиа карданд.

Мо тасмим гирифтаем, ки дар оянда  низ барои  боз ҳам ғанӣ гардонидани  захираи китобхона аз адабиёти тозанашр  ва иттилооти  зарурӣ истифода  намоем. Зеро ҳар фарде, ки имрӯз ба китобхонӣ меояду аз махзани бебаҳои  китобхона истифода  менамояд, бешубҳа, соҳиби маърифати комил  ва камолоти баланди ақлонӣ мегардад,- мегӯяд Зӯҳро Ҳасанзода.

Китоб омӯзгори беғараз ва дӯсти содиқ

Бо дахли ҷойгоҳи китоб дар рушду пешрафти инсоният ва ҷомеа китобдори мақомоти гумрук афзуд,  ки китобхона- ин гаронбаҳотарин хазина ва ганҷинаи маънавии  инсоният аст. Он ягона дастовардест, ки  дониш, фарҳангу маърифат, адабиёту санъат, касбу ҳунар, расму ойин, гузаштаву муосир, ахлоқу  дини мардуми ҷаҳонро фаро гирифта, асрҳои  аср дар сатрҳои авроқаш ҳифз менамояд. Ба воситаи китоб донишу касбу ҳунар, забону адабиёт, расму ойин, илму техникаро ба  насли наврас таълим медиҳем ва дар хазина захира менамоем. Маданияту илму техникаи мардуми ҷаҳонро  меомӯзему дар навбати худ донишу фарҳангамонро ба мардуми олам шинос менамоем. Халқу миллате, ки ба ин ганҷи бебаҳо- китобу китобат муҳаббат дорад,  абадзинда аст. Шаҳру қалъаҳо  бо мурури  замон хароб мешаванд, аммо китобу аҳли китоб  қоим мемонад. Шахси китобхону  китобдӯст ба монанди садафу ҷавоҳирот ва офтоб ҷилобахшу  нурафшон мебошад. Китоб   омӯзгори беғараз, дӯсти содиқ аст, ки шахс аз рӯи  он касбу  ҳунар, илму техникаро мустақилона, дақиқу  ҳамаҷониба меомӯзад ва аз худ менамояд, ҳамеша донишу касби худро  дар асоси хондани  адабиёти нав  ба нави соҳавӣ  такмил медиҳад, аз навигариҳои  адабиёту санъат, илму техника, ҳуқуқу сиёсати мардуми ҷаҳон  огоҳ гашта, ин ганҷинаи маънавиро самаранок истифода мебарад, вақту неруи худро  беҳуда аз даст надода, аз он самара мебардорад.

Ҳамзамон Зӯҳро Ҳасанзода афзуд, ки ҳар як шахс  дар баробари   завқу ҳаваси  китобхонӣ бояд фарҳанги китобхониро низ донаду риоя намояд, ки ин омили асосӣ  маҳсуб  мешавад. Маданияти китобхонӣ — ин маҷмӯи  қоидаву тартибот, усули мутолиаи фоидабахшу пурмаҳсули китоб аст, зеро китоб ба инсон ҷаҳони  пӯшидаро  боз менамояд. Бузургони мо дар бораи китоб суханҳои  баландмазмун  гуфтаанд. Чунончӣ Мавлоно Биноӣ мефармояд:

Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ,
Ки мусоҳиб бувад гаҳу бегоҳ

Роҳатафзои  ҷону роҳати дил,
Ҳарчӣ дилхоҳи туст, аз ӯ ҳосил,

Инчунин ҳамдами латиф, ки дид,
Ки на ранҷа диҳад, на ранҷонад.

Китобхона ганҷинаест, ки инсон бо умед ба он ворид мешавад

-Китобхона  макони илму маърифат ба шумор рафта, ба кормандони  мақомоти гумрук  имкон медиҳад, ки барои такмили дониш, ҷаҳонбинӣ ва дарёфти иттилоот аз он самаранок истифода  баранд, меафзояд китобдор. Китобхона ганҷинаи ҳикматҳои бузург  аст, ки ҳар кас бо умед аз дари  он ворид мегардад. Ҳар нафаре, ки ба ин даргоҳи илму маърифат  медарояд, ба дунёи рангину зебоӣ ҳамроҳ мешавад. Маҳз ба воситаи китоб инсон метавонад роҳи дурустро дар ҳаёт  пеша кунад, аз таъриху фарҳанги худ бохабар шавад, зеро китоб неруи бузург буда, онро метавон муъҷиза номид, зеро имрӯз  муҳимтарин  омили  пешрафти  ҷомеа доштани  дониш ва иттилооти фаровон  аст. Мо аз гузаштагон панд мегирему ояндагон аз мо. Бузурге фармудааст:

Беҳтарин  ёри вафодор китоб аст, китоб,
Ёри безаҳмату озор китоб аст, китоб.

Китобдорӣ — суннати  қадимаи мардуми тоҷик

Китобхона дар ҳама давру замон макони муқаддас, махзани дониш ва маънавиёт ба шумор мерафт. Китобу китобдорӣ яке аз суннатҳои  қадимаи мардуми тоҷик  аст. Агар  ба таърихи мардуми мо  бо дидаи таҳқиқ нигарем, мебинем, ки дар тамоми давраҳои  таърихӣ мардуми тоҷик  ба китобдорию китобхонӣ ва ҳифзу нигоҳдошти он  таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекарданд.

Бояд тазаккур дод, ки дар китобхонаи дастгоҳи марказии мақомоти гумруки Тоҷикистон феҳристи  китобҳо дар шакли электронӣ, таҳияи баргия (картотека)-и китобҳо дар шакли электронӣ, андозабандӣ намудани  китобҳо, мӯҳрбандӣ ва ба қайди инвентарӣ гирифтани китобҳо, тартиб додани дафтари  қайди хонанда омода ва роҳандозӣ гардидаанд. Инчунин  бо расмҳои шоирону нависандагон китобхона оро дода шуда, «Гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ» низ ташкил гардидааст. Дар як гӯшаи китобхона сабти аудиоӣ оид ба Кодекси одоби касбӣ, панду ҳикматҳои бузургон ва одобу муошират бо атрофиён дар ҷомеа ҷой дода шудаанд. Ҳамзамон дар сомонаи расмии Хадамоти гумрук қисми махсус  ифтитоҳ карда мешавад. Дар оянда тасмим гирифтаем, ки фаъолияти китобхонаро  бо ҳам тақвият бахшида,  талаботи хонандагон ва дӯстдорони китобро ба адабиёти тозанашр қонеъ гардонем, меафзояд китобдор.

Чопи китоби «Тоҷикон» — ҳадяи Президент ба ҳар хонадони тоҷик

Таъсиси китобхонаи муосир дар мақомоти гумруки мамлакат дар ҳолест, ки Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Парлумони мамлакат бори дигар ба китоб, китобхонӣ ва китобхонаҳо  баҳои баланд дода, гуфтанд: «Китобхонаҳо бояд ба маркази муҳими  илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули  ақлу заковати  мардуми соҳибтамаддун, омили  асосии  ҳифзи  фарҳанги миллӣ  ва яке аз муҳимтарин  воситаҳои  маърифатнок намудани аҳли ҷомеа буда, қобилияти  сухандониву  суҳанрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ намуда, ӯро ба роҳи дурусти  зиндагӣ роҳнамоӣ мекунад».

Ҳамзамон Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки ҳар сол  озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» миёни таълимгирандагони муассисаҳои  томактабӣ, мактабҳои ибтидоӣ-миёна, муассисаҳои олӣ   доир ва ба ин восита онҳо ба китобу китобхонӣ ҷалб  карда шаванд. Дар ин росто  масъулонро муваззаф сохтанд, ки минбаъд фаъолияти  хуби китобхонаҳоро  дар мақомот, ташкилот, муассисаю корхонаҳо ва ҷамоатҳои деҳот  таҳти назорат гирифта, китобхона бунёд созанд ва онҳоро  бо китобҳои бадеӣ ва дигар адабиёт, инчунин осори  адибони ватанию ҷаҳонӣ таъмин намоянд. Пешвои миллат ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуровро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп намуда, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Пешвои  миллат ба ҳар оилаи мамлакат туҳфа намояд.

                                                           Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар» 

Август 7, 2020 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба назария ва амалияи санъат ва дизайн конференсия доир шуд
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Волидон ва омӯзгорони ғолибони озмун бо нишони «Аълочии маориф ва илм» ва «Маърифатпарвар» сарфароз гардонида шуданд
Соли 2025 Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Чин баргузор мегарданд
Ҳунармандони Беларус дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни миллати тоҷик шинос шуданд
«БО ХУНИ ДИЛ». Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон намоишгоҳи мустанади адабӣ доир шуд
РӮЗҲОИ СИНАМОИ БЕЛАРУС. Филми «Орзуи қаҳрамон» дар бораи яке аз қаҳрамонҳои миллии Беларус қисса намуд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд
НАМУНАИ ИБРАТ. Заҳмати модар Фараҳбахши нобиноро ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гардонид
Доир ба иҷрои «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» ҷаласа баргузор шуд
Имрӯз Рӯзҳои синамои Беларус оғоз меёбанд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус оғоз мешаванд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус доир мегарданд