Хатари сироятёбӣ бо коронавирус дар куҷо бештар аст? – натиҷаи пажӯҳиш

Август 26, 2020 11:45

ДУШАНБЕ, 26.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Германия  шумораи сироятёфтагони COVID-19 дубора афзоиш меёбад. Мутахассисони Пажӯҳишгоҳи Роберт Кох муайян кардаанд, ки дар кадом ҷойҳо одамон бештар бо вирус сироят меёбанд, дар куҷо чунин хатар амалан вуҷуд надорад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Euronews».

Шумораи гирифторони коронавирус дар кишварҳои Аврупои Ғарбӣ ҳафтаҳои охир боз афзоиш меёбад. То санаи 24 август дар Германия, теъдоди гирифторони COVID-19 дар тамоми давраи эпидемия 233 575 нафарро ташкил намуд.  Ба ҳолати  22 августи соли равон  шумораи ҳолатҳои нави сироятёбӣ дар як рӯз ба сатҳи баландтарин аз охири апрел — 2034 нафар расид. Афзоиши ҳадди аъзамии  шабонарӯзии  ҳолатҳои SARS-CoV-2 — беш аз 6000 — дар охири моҳи март — аввали апрел сабт шуда буд. Маҷмӯъан, дар давраи пандемия дар Германия  9272 тан ҷон бохтанд ва зиёда аз 200 ҳазор нафар шифо ёфтанд.

Дар пасманзари афзоиши омори гирифторӣ ба COVID-19 сокинони Ҷумҳурии Федеративии Германия  торафт бештар мепурсанд, ки чӣ тавр метавон бидуни дубора ҷорӣ намудани карантини шадид худро аз ин беморӣ  муҳофизат намуд? Мутахассисони Пажӯҳишгоҳи Роберт Кох (RKI) кӯшиш карданд, ки инро муайян намоянд. Рӯзи ҷумъа,  21 август RKI натиҷаи пажӯҳишро дар бораи он, ки кӣ ва дар куҷо эҳтимолияти бештари ба коронавирус сироятёбӣ дорад ва чӣ бояд кард, ки ин кор пешгирӣ карда шавад, пешниҳод намуд.

Коронавирус чӣ гуна тавсеа меёбад?

 Тибқи маълумоти RKI, дар аксари ҳолатҳо, коронавирус аз одам ба одам бо роҳи қатраӣ — ҳавоӣ интиқол меёбад. Ғайр аз ин, COVID-19 на танҳо ҳангоми сулфа ва ё зуком фаъолона паҳн мешавад, балки ҳангоми нафаскашӣ — яъне бо усули ба истилоҳ — аэрозолӣ низ тавсеа меёбад.

Дар айни замон, эҳтимолияти гирифтор шудан ба вирус ҳангоми расидан  ба ашёҳо, масалан дар супермаркет хеле камтар аст, қайд шудааст дар пажӯҳиш. Аз ин рӯ, коршиносон чунин мешуморанд, ки роҳи афзалиятноки мубориза бо тавсеъаи COVID-19 мисли пештара бояд  чораҳои эҳтиётӣ — аз ҷумла, фосилаи иҷтимоӣ ва пӯшидани ниқобҳои муҳофизатӣ бояд боқӣ бимонанд.

Бо вирус аксар вақт дар оила сироят меёбанд

Тавре ки дар пажӯҳиш қайд шудааст, уфунат маъмулан дар иморатҳои пӯшида, ки дар он ҷо нигоҳ доштани фосилаи иҷтимоӣ душвор аст, тавсеъа меёбад. Гузашта аз ин, аксар вақт сокинони Германия  дар оилаҳои худ бо коронавирус сироят меёбанд. Тибқи маълумоти пажӯҳишгоҳ, як узви сироятёфтаи оила ба ҳисоби миёна 3,2 нафарро сироят мекунад — одатан касонеро, ки бо ӯ дар зери як бом зиндагӣ мекунанд.

Хонаҳои пиронсолон аз ҷиҳати хуруҷи манбаҳои COVID-19 дар ҷои дуюм қарор доранд. Хатари тавсеаи уфунат дар ин ҷо қадре баландтар аст: як шахси ҳомили вирус ба ҳисоби миёна 19 нафарро сироят мекунад. Вале аз ҳама зиёдтар вирус ба одамоне таҳдид мекуна, ки дар хобгоҳҳои гурезаҳо зиндагӣ мекунанд: дар ин ҷо, як нафари сироятёфта ба ҳисоби миёна 21 нафарро сироят мекунад.

Рафтан ба тарабхонаҳо ва меҳмонхонаҳо то чӣ андоза хатарнок аст?

Дар навбати худ ҳолатҳои сироятёбӣ бо вирус дар ҳавои тоза хеле кам ба назар мерасанд. Мактабҳо ва кӯдакистонҳо низ дар тавсеаи COVID-19 чандон нақши хос надоранд. Тибқи маълумоти RKI, дар мактабҳои Германия  танҳо 30 манбаи сироят ва 150 ҳолати сироятёбӣ бо коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Хатари сироятёбӣ бо SARS-CoV-2 дар тарабхонаҳо, меҳмонхонаҳо ва идораҳо низ чандон зиёд нест — гуфта мешавад дар пажӯҳиш. Дар мавриди нақлиёти ҷамъиятӣ — масалан, қатораҳо, муайян кардани сатҳи хатар амалан ғайриимкон аст — чунки ошкор намудани мусофире, ки манбаи ибтидоии сироят шудааст ва пайгирии  иртибототи ӯ  бисёр душвор аст, ишора мекунанд коршиносон.

Дар ҳамин ҳол, як омили дигари хатарнок ин беэҳтиётии шаҳрвандон аст, таъкид мекунанд мутахассисони RKI. Ин хусусан ба ҷавононе дахл дорад, ки бемориро аксар маврид ба таври сабук мегузаронанд. Намояндагони ин гурӯҳи аҳолӣ аксар вақт ба ин назаранд, ки хатар ба онҳо таҳдид намекунад, вале дарк намекунанд, ки онҳо метавонанд дигаронро сироят кунанд, тавзеҳ медиҳанд коршиносон.

Ҳамзамон, бояд зикр  кард, ки хулосаҳои пажӯҳиш комилан айнӣ намебошанд: мутахассисони олмонӣ тавонистанд занҷираи сироятро аз 200,000 ҳолати сироятёбии дар Германия  сабтшуда, танҳо  27% занҷираҳои сироятёбиро муайян ва зери назорат бигиранд. Дар ҳолатҳои дигар, манбаи аввалини сироятёбӣ муайян нашудааст.

АКС аз бойгонӣ

Август 26, 2020 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ