КУМАК ДАР ДАВРАИ ПАНДЕМИЯ. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон донишҷӯёнро аз қарз озод кард

Август 30, 2020 09:05

ДУШАНБЕ, 30.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон миёни макотиби олии мамлакат  аввалин шуда дар давраи пандемия ба донишҷӯёни худ кумак расонд, менависад «Sputnik» бо истинод ба нашрияи «Тоҷикистон».

Дар маҷмуъ, 2821 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз қарзҳои фаннӣ озод карда шуданд.

Пешниҳоди аз қарз озод намудани донишҷӯён қаблан аз ҷониби ректори донишгоҳ Қобилҷон Хушвахтзода  баён шуда  буд.

Намояндагони Шӯрои илмии донишгоҳ пешниҳоди ректорро дар давраи пандемия ҷонибдорӣ карданд.

Донишҷӯёни донишгоҳ дар маҷмуъ аз фанҳои гуногун 3587 адад  қарз доштанд. Акнун онҳо метавонанд таҳсилро бидуни мушкил идома диҳанд.

Бино ба хабари АМИТ «Ховар», қаблан ректори Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон Тоҳир Хоҷазода иброз дошта буд, ки ҳамаи донишҷӯёни хориҷие, ки дар давоми таътили тобистона аз Тоҷикистон ба ватани худ баргашта натавонистанд, бо лавозимоти зарурӣ, аз ҷумла манзил ва хӯрок таъмин мебошанд.

Асосан шаҳрвандони Ӯзбекистон аз Тоҷикистон баромаданд, баъзеҳо ин ҷо монданд. Он донишҷӯёне, ки рафтанд, имтиҳонҳоро фосилавӣ супориданд. Шаҳрвандони Туркманистон ва Федератсияи Россия умуман аз Тоҷикистон берун нарафтаанд.

То имрӯз дар ДСРТ 574 нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз 13 давлати ҷаҳон, аз ҷумла Озарбойҷон, Афғонистон, Қазоқистон, Полша, Федератсияи Россия, ИМА, Украина, Ҷумҳурии Корея, Чин ва Туркманистон таҳсил мекунанд.

АКС аз бойгонӣ

Август 30, 2020 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиши забони англисӣ густариш медиҳанд
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ тақвият медиҳанд
Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» доир мегардад
Таҳкими ҳамкорӣ байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо Шурои Британия дар Душанбе баррасӣ гардид
Иштирокдорони Бозиҳои ХХ Делфии ҷавонони ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир мегардад
Ҷаласаи Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ идома доранд