Лахш: 75,5 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва шағалпӯш гардиданд

Август 24, 2020 09:18

ДУШАНБЕ, 24.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати истиқболи арзандаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Лахш  то имрӯз  ба масофаи умумии 75,5 километр роҳҳои мошингард, аз ҷумла дар шаҳраки «Ваҳдат» 13 километр, деҳоти «Ҷиргатол» 1,5 километр,  «Янгишаҳр» 6 километр,  «Пилдон» 6 километр,  «Сурхоб» 13 километр, «Сартало» 8 километр,  «Қашот» 2,5 километр,  «Лахш»  11,5 километр,  «Алға» 11 километр ва Ҷамоати деҳоти  «Муксу» 7 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва шағалпӯш  гардиданд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар тавозуни муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳия 113 километр роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ, 29,6  километр роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 123,6 километр роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ мавҷуд мебошанд, ки масофаи умумии онҳо 266,2 километрро ташкил медиҳад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш тасмим гирифтааст, ки бахшида ба ҷашни миллӣ дар ҳамкорӣ бо ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кумитаи маҳаллаҳо, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша корҳои роҳсозиро идома диҳанд.

Ёдовар мешавем, ки бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Лахш  бунёди 173 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шуда,  аллакай  122 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

Дар ноҳия бунёди корхонаҳои коркарди мева ва истеҳсоли шарбату нӯшокиҳои мевагӣ, маҳсулоти ширӣ, истеҳсоли хишт ва дигар масолеҳи сохтмон ба нақша гирифта шудааст, ки дар натиҷаи амалишавии онҳо садҳо ҷойи нави корӣ муҳайё гардида, ба  беҳтар шудани сатҳи зиндагии сокинони ноҳия мусоидат хоҳад кард.

Август 24, 2020 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид