Муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон, шоири маҳбуб Гулназар Келдӣ аз олам даргузашт
ДУШАНБЕ, 13.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Адиби маъруфи тоҷик, муаллифи Суруди миллӣ, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, Шоири Халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ имрӯз дар синни 75-солагӣ бинобар беморӣ аз олам даргузашт.
Гулназар Келдӣ муаллифи матни Суруди миллии Тоҷикистон ва Суруди Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» мебошад.
Шоир дар гузашта дар маҷаллаи «Садои Шарқ» ва нашрияҳои «Пайванд», «Адабиёт ва санъат» ва «Ваҳдат» ба ҳайси мудири шуъба ва сардабир кор кардааст. Аз соли 2005 то 2010 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон буд.
Гулназар Келдӣ 20 сентябри соли 1945 дар рустои Дардари ноҳияи Айнии вилояти Суғд ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна факултети забон ва адабиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро дар соли 1966 ба анҷом мерасонад. Фаъолияти кориро аз нашрияи «Комсомоли Тоҷикистон» оғоз ва сипас дар маҷаллаи «Садои Шарқ» идома медиҳад. Солҳои 1975-1977 ба ҳайси тарҷумон дар Афғонистон хидмат кардааст. Аз соли 1991 дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ба ҳайси сармуҳаррир ба фаъолият мепардозад.
Маҷмӯаи нахустинаш «Расми сарбозӣ» соли 1969 интишор ёфтааст. То имрӯз дар ҳудуди чил маҷмӯаи ашъори ӯ пешкаши дӯстдорони каломи бадеъ гардидаанд, ки «Фасли оғоз», «Тулӯи беборӣ», «Оинаи ташна», «Туву хубиву раъноӣ», «Сафина», «Шоиру шеъре агар ҳаст…», «Оғӯши саршор», «Аз барои Гулизор», «Девори сабз», «Дарёи кӯча», «Борони бесаранҷом», «Се кулчаи танӯрӣ» ва ғайра аз он ҷумлаанд.
Барои маҷмӯаи ашъори бачагонаи «Се кулчаи танӯрӣ» сазовори Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1995) гардидааст.
Гулназар Келдӣ ҳамчунин Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи комсомоли ленинии Тоҷикистон ва Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода мебошад. Бо нишонҳои «Дӯстӣ», «Исмоили Сомонӣ», «Дарахти дӯстӣ» (Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ) ва Ҷоизаи адабии Созмони байналмилалии савдо барои инкишофи зеҳният мукофотонида шудааст.
Аз соли 1973 узви Иттифоқи нависандагон, аз соли 1969 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буд.








Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






