Ғолибони бозиҳои даври 15-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон муайян гардиданд

Август 31, 2020 16:50

ДУШАНБЕ, 31.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои даври 15-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон дар варзишгоҳҳои мамлакат баргузор шуданд.  Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар бозии марказии давр муддаиёни медалҳои тиллои чемпионат – дастаҳои футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар ва «Зебо»-и ноҳияи  Дӯстӣ  байни ҳам вохӯрданд, вале ғолиб муайян нагардид – 0:0. Ин мусовиро истифода бурда, дастаи  «Зебонисо»-и шаҳри Душанбе, ки дар шаҳри Турсунзода бар дастаи маҳаллии «Регар-ТадАЗ» бо ҳисоби 6:0 ғалаба кард, дар ҷадвали мусобиқа бар дастаи  «Хатлон»-и шаҳри Бохтар наздик шуд. Бозӣ миёни дастаҳои футболи «Панҷшер»  ва «Бешкент» низ бо ҳисоби мусовӣ  3:3 анҷом ёфт.

Дар ду бозии дигар  дастаҳои футболи «Чашма»-и Шаҳритус  бар «Барқ»-и  шаҳри Норак бо ҳисоби 1:0 ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб  бар  дастаи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор бо ҳисоби 2:1 ғалаба карданд. То анҷоми мавсими имсола дар чемпионат се даври дигар боқӣ мондааст.

Ёдовар  мешавем, ки дар даври навбатӣ — 2  сентябр дастаҳои футболи  «Хатлон»-и шаҳри Бохтар  бо «Бешкент»-и  Носири Хусрав, «Зебонисо»-и шаҳри Душанбе  бо «Панҷшер»-и ноҳияи  Ҷалолиддин Балхӣ, «Ҳосилот»-и ноҳияи  Фархор  бо «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода, «Чашма»-и  Шаҳритус  бо «Равшан»-и  шаҳри Кӯлоб  ва «Зебо»-и ноҳияи  Дӯстӣ  бо «Барқ»-и шаҳри  Норак   байни ҳам бозӣ мекунанд.

 Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон:

Даври 10-ум

«Хатлон» – «Равшан» – 9:0

«Регар-ТадАЗ» – «Барқ» – 14:0

«Панҷшер» – «Зебо» – 0:13

«Бешкент» – «Чашма» – 12:0

«Зебонисо» – «Ҳосилот» – 14:0

Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон:

Даври 11-ум

«Ҳосилот» – «Хатлон» – 0:16

«Чашма» – «Зебонисо» – 0:18

«Зебо» – «Бешкент» – 5:1

«Барқ» – «Панҷшер» – 0:6

«Равшан» – «Регар-ТадАЗ» – 0:2

Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон:

Даври 12-ум

«Хатлон» – «Регар-ТадАЗ» – 3:0

«Панҷшер» – «Равшан» – 1:2

«Бешкент» – «Барқ» – 6:0

«Зебонисо» – «Зебо» – 1:1

«Ҳосилот» – «Чашма» – 2:1

Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон:

Даври 13-ум

«Чашма» – «Хатлон» – 0:18
«Зебо» – «Ҳосилот» – 19:0
«Барқ» – «Зебонисо» – 0:15
«Равшан» – «Панҷшер» – 0:3

Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон:

Даври 14-ум

«Хатлон» – «Панҷшер» – 10:0
«Бешкент» – «Регар-ТадАЗ» – 0:3
«Зебонисо» – «Равшан» – 16:0
«Ҳосилот» – «Барқ» – 0:0
«Чашма» – «Зебо» – 0:20

Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон:

Даври 15-ум

«Зебо» – «Хатлон» – 0:0

«Барқ» – «Чашма» – 0:1

«Равшан» – «Ҳосилот» – 2:1

«Регар-ТадАЗ» – «Зебонисо» – 0:6

«Панҷшер» – «Бешкент» – 3:3

 

 ДАСТАҲО                                    Б          Ғ           М            Б           ТТ                  Х 
 1  «Хатлон» (Бохтар)  15  13  2  0  119-5  41
 2  «Зебонисо» (Душанбе)  15  13  1  1  154-3  40
 3  «Зебо»(Дӯстӣ)  15  11  3  1  109-10  36
 4  «Бешкент» (Носири Хусрав)  15  8  2  5  61-21  26
 5  «Регар-ТадАЗ»(Турсунзода)  14  8  1  5  59-18  25
 6  «Барқ» (Норак)  15  3  2  10  7-88  11
 7  «Ҳосилот» (Фархор)  15  3  2  10  8-100  11
 8  «Равшан» (Кӯлоб)  15  3  0  12  5-76  9
 9  «Чашма» (Шаҳритус)  15  3  0  12  10-132  9
 10  «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ)  14  1  3  10  15-100  6

 

Лайло Ҳалимова («Хатлон») – 70 гол, Мадина Фозилова («Зебонисо»/«Зебо») – 58  гол, Рафина Нурмуродова («Бешкент») – 44 гол, Шукронаи Ҷумахон («Зебонисо»/«Зебо») – 32 гол, Меҳрангез Шарипова («Зебо») – 28 гол  ва Некубахт Худододова («Зебонисо») – 22 гол.

Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон:

Даври 16-ум

2 сентябр   

«Хатлон» – «Бешкент»

«Зебонисо» – «Панҷшер»

«Ҳосилот» – «Регар-ТадАЗ»

«Чашма» – «Равшан»

«Зебо» – «Барқ»

Август 31, 2020 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд