Ғолибони бозиҳои даври 6-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футзал муайян шуданд

Август 20, 2020 09:33

ДУШАНБЕ, 20.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Шоми  дирӯз дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози шаҳри Душанбе бозии   даври 6-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футзал дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар даври мазкур дастаҳои футболи «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд ва «Соро компания»-и шаҳри  Душанбе байни ҳам рақобат карданд. Сабқати  ин дастаҳо хеле ҷолиб доир шуда, бо натиҷаи 2:1 ба фоидаи дастаи футзали «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд хотима ёфт. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар вохӯриҳои дигари ин давр дастаи  футзали «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан  аз дастаи  «Самандара»-и шаҳри Турсунзода  бо натиҷаи калони 16:8 дучори бохт шуд. Дар сабқати  дигар дастаҳои  футзали «Муҳоҷир»-и шаҳри Душанбе  ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб байни ҳам рақобат намуданд, ки дар натиҷа дастаи «Муҳоҷир»-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби 12:3 дастболо гардид. Баъди шаш даври рақобатҳо дастаи футзали «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд  бо касби 16 хол дар садри ҷадвал қарор дорад.

Лигаи касбии футзали Тоҷикистон. Даври 6-ум

«Соро компания» – «Сипар» – 1:2

Голҳо: Некрӯз Алимаҳмадов, 3 – пеналти (1:0). Собирҷон Гуляков, 11 (1:1). Парвиз Раҳматов, 32 (1:2).

 «Самандар» – «Истаравшан» – 8:16

Голҳо: Шаҳбоз Бобоҷонов, 5 (0:1). Шаҳбоз Бобоҷонов, 8 (0:2). Шаҳбоз Бобоҷонов, 13 (0:3). Холид Сабуров, 14 (0:4). Ориф Меликов, 15 (1:4). Ориф Меликов, 16 (2:4). Шаҳбоз Бобоҷонов, 16 (2:5). Акбар Маманазаров, 17 (3:5). Акбар Маманазаров, 18 (4:5). Шаҳбоз Бобоҷонов, 19 (4:6). Шаҳбоз Бобоҷонов, 20 (4:7). Ашраф Сабитов, 21 (5:7). Мирзорауф Умаров, 22 (5:8). Фаридун Расулов, 25 (5:9). Холид Сабуров, 32 (5:10). Абдулазиз Холбоев, 35 (6:10). Холид Сабуров, 37 (6:11). Акбар Маманазаров, 37 (7:11). Фаридун Расулов, 37 (7:12). Фаридун Расулов, 38 (7:13). Фаридун Расулов, 39 (7:14). Фаридун Расулов, 40 (7:15). Ашраф Сабитов, 40 (8:15). Фаридун Расулов, 40 (8:16).

 «Муҳоҷир» – «Равшан» – 12:3

Голҳо: Иброҳим Мирзоев, 2 (0:1). Самандар Ризомов, 4 (1:1). Самандар Ризомов, 10 (2:1). Бахтиёр Солиев, 11 (3:1). Бахтиёр Солиев, 15 (4:1). Хуршеди Зайниддин, 15 (5:1). Самандар Ризомов, 23 (6:1). Идимад Авзалов, 26 (6:2). Хуршеди Зайниддин, 30 (7:2). Абдуқаюм Умаров, 30 (8:2). Раҳмон Ҳасанов, 31 (8:3). Хайём Дарвешов, 33 (9:3). Хайём Дарвешов, 34 (10:3). Шоҳмуҳаммад Бобоев, 37 (11:3). Некрӯз Идиев, 38 (12:3).

 Б     Ғ     М     Б     Т-Т     Х 
 1  «Сипар» (Хуҷанд)  6  5  1  0  36-16  16
 2  «Соро компания» (Душанбе)  6  4  1  1  41-8  13
 3  «Муҳоҷир» (Душанбе)  6  4  0  2  34-26  12
 4  «Истаравшан»(Истаравшан)  6  2  0  4  43-42  6
 5  «Равшан» (Кӯлоб)  6  1  0  5  26-55  3
 6  «Самандар»  (Турсунзода)  6  1  0  5  34-67  3

 

Нишонзанҳо: Собирҷон Гуляков («Сипар»), Фаридун Расулов, Шаҳбоз Бобоҷонов (ҳарду – «Истаравшан») – бо 12 голӣ, Самандар Ризомов («Муҳоҷир») – 10 гол, Муҳаммад Раҷабов («Соро компания») – 8 гол, Иқбол Воситзода («Сипар»), Акбар Маманазаров, Ориф Меликов (ҳарду – «Самандар») – бо 7 голӣ.

Даври 7-ум

22 август (шанбе)

16:00 – «Сипар» – «Самандар»

16:00 – «Истаравшан» – «Муҳоҷир»

16:00 – «Равшан» – «Соро компания»

Август 20, 2020 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад