Ғолибони бозиҳои даври 7-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футзал муайян гардиданд

Август 24, 2020 09:22

ДУШАНБЕ, 24.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои   даври 7-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футзал 22 август дар толорҳои варзишии мамлакатамон дар сатҳи баланд  баргузор гардида, бо пирӯзии пешсафони мусобиқа ба поён расиданд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар ин давр дастаи футзали  «Сипар»-и  шаҳри Хуҷанд дар бозии хонагиаш  дастаи  «Самандар» -и шаҳри Турсунзодаро бо ҳисоби 13:1 мағлуб намуда, бо касби 19 имтиёз  дар ҷадвали Чемпионати Тоҷикистон  дар ҷойи аввал аст. Дастаи футзали  «Соро компания»-и  шаҳри Душанбе, ки дар шаҳри Кӯлоб бар дастаи  «Равшан» бо ҳисоби 13:4 ғолиб омад, бо касби 16 имтиёз дар мақоми дуюм қарор дорад. Дастаи  футзали «Муҳоҷир»-и шаҳри  Душанбе, ки дар меҳмонӣ бар дастаи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо ҳисоби 8:7 пирӯз шуд, бо касби 12 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа дар зинаи сеюм ҷойгир шудааст.

Ёдовар мешавем, ки  бозиҳои даври ҳаштуми Лигаи касбии футзали Тоҷикистон 31  август баргузор мешаванд.

Лигаи касбии футзали Тоҷикистон. Даври 7-ум

«Сипар» – «Самандар» – 13:1

Голҳо: Раҳмоналӣ Шарипов, 3 (1:0). Раҳмоналӣ Шарипов, 7 (2:0). Иқбол Воситзода, 8 (3:0). Баҳодур Хоҷаев, 13 (4:0). Баҳодур Хоҷаев, 14 (5:0). Иқбол Воситзода, 18 (6:0). Алишер Сафаров, 20 (7:0). Ҷони Ҷгеренаия, 23 (8:0). Иқбол Воситзода, 29 (9:0). Абдусамад Раҳмонов, 33 (10:0). Алишер Сафаров, 34 (11:0). Фирдавс Тусматов, 35 (11:1). Раҳмоналӣ Шарипов, 39 (12:1). Абдусамад Раҳмонов, 40 (13:1).

«Истаравшан» – «Муҳоҷир» – 8:7

Голҳо: Парвиз Раупов, 2 (1:0). Самандар Ризомов, 2 (1:1). Самандар Ризомов, 8 (1:2). Парвиз Раупов, 10 (2:2). Хуршеди Зайниддин, 20 – ба дарвозаи худ (3:2). Шаҳбоз Бобоҷонов, 23 (4:2). Бахтиёр Солиев, 28 (4:3). Самандар Ризомов, 30 (4:4). Хуршеди Зайниддин, 30 (4:5). Холид Сабуров, 30 (5:5). Холид Сабуров, 32 (6:5). Холид Сабуров, 33 (7:5). Самандар Ризомов, 35 (7:6). Шаҳбоз Бобоҷонов, 38 (8:6). Самандар Ризомов, 40 (8:7).

«Равшан» – «Соро компания» – 4:13

Голҳо: Вахтанг Кекелия, 10 (0:1). Муҳаммад Шарипов, 13 (0:2). Муҳаммад Раҷабов, 15 (0:3). Насим Шарипов, 17 (0:4). Сиёвуш Қаюмов, 18 (0:5). Ҷамшед Муродов, 19 (1:5). Вахтанг Кекелия, 22 (1:6). Муҳаммад Шарипов, 23 (1:7). Малхаз Муртсхваладзе, 23 (1:8). Рустам Зауров, 24 (2:8). Насим Шарипов, 27 (2:9). Ҷамшед Муродов, 28 (3:9). Фаридун Неъматов, 29 (3:10). Ҷамшед Муродов, 30 (4:10). Насим Шарипов, 32 (4:11). Насим Шарипов, 35 (4:12). Фаридун Неъматов, 39 (4:13).

Лигаи касбии футзали Тоҷикистон. Даври 6-ум

«Соро компания» – «Сипар» – 1:2

Голҳо: Некрӯз Алимаҳмадов, 3 – пеналти (1:0). Собирҷон Гуляков, 11 (1:1). Парвиз Раҳматов, 32 (1:2).

 «Самандар» – «Истаравшан» – 8:16

Голҳо: Шаҳбоз Бобоҷонов, 5 (0:1). Шаҳбоз Бобоҷонов, 8 (0:2). Шаҳбоз Бобоҷонов, 13 (0:3). Холид Сабуров, 14 (0:4). Ориф Меликов, 15 (1:4). Ориф Меликов, 16 (2:4). Шаҳбоз Бобоҷонов, 16 (2:5). Акбар Маманазаров, 17 (3:5). Акбар Маманазаров, 18 (4:5). Шаҳбоз Бобоҷонов, 19 (4:6). Шаҳбоз Бобоҷонов, 20 (4:7). Ашраф Сабитов, 21 (5:7). Мирзорауф Умаров, 22 (5:8). Фаридун Расулов, 25 (5:9). Холид Сабуров, 32 (5:10). Абдулазиз Холбоев, 35 (6:10). Холид Сабуров, 37 (6:11). Акбар Маманазаров, 37 (7:11). Фаридун Расулов, 37 (7:12). Фаридун Расулов, 38 (7:13). Фаридун Расулов, 39 (7:14). Фаридун Расулов, 40 (7:15). Ашраф Сабитов, 40 (8:15). Фаридун Расулов, 40 (8:16).

 «Муҳоҷир» – «Равшан» – 12:3

Голҳо: Иброҳим Мирзоев, 2 (0:1). Самандар Ризомов, 4 (1:1). Самандар Ризомов, 10 (2:1). Бахтиёр Солиев, 11 (3:1). Бахтиёр Солиев, 15 (4:1). Хуршеди Зайниддин, 15 (5:1). Самандар Ризомов, 23 (6:1). Идимад Авзалов, 26 (6:2). Хуршеди Зайниддин, 30 (7:2). Абдуқаюм Умаров, 30 (8:2). Раҳмон Ҳасанов, 31 (8:3). Хайём Дарвешов, 33 (9:3). Хайём Дарвешов, 34 (10:3). Шоҳмуҳаммад Бобоев, 37 (11:3). Некрӯз Идиев, 38 (12:3).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т И
1 «Сипар» (Хуҷанд) 7 6 1 0 49-17 19
2 «Соро компания» (Душанбе) 7 5 1 1 54-12 16
3 «Муҳоҷир» (Душанбе) 7 4 0 3 41-34 12
4 «Истаравшан» (Истаравшан) 7 3 0 4 51-49 9
5 «Равшан» (Кӯлоб) 7 1 0 6 30-68 3
6 «Самандар» (Турсунзода) 7 1 0 6 35-80 3

 

Нишонзанҳо: Самандар Ризомов («Муҳоҷир») – 15 тӯб, Шаҳбоз Бобоҷонов («Истаравшан») – 14 тӯб, Собирҷон Гулаков («Сипар»), Фаридун Расулов («Истаравшан») – 12-тӯбӣ.

Даври 7-ум

31 август (душанбе)

16:00 – «Истаравшан» – «Сипар»

16:00 – «Самандар» – «Равшан»

16:00 – «Муҳоҷир» – «Соро компания»

Август 24, 2020 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Замони баргузории бозиҳои даври 19-уми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон тими Малдивро мағлуб намуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобӣ бо тими Малдив бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои баргузории бозӣ бо Малдив ба шаҳри Мале рафт
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Тоҷикистон дар Бозиҳои сеюми кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби мақоми ҳафтум гардид
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври интихобӣ бо тими Малдив бозӣ мекунад
БОЗИҲОИ СЕЮМИ КИШВАРҲОИ АЪЗОИ ИДМ. То 8 октябр варзишгарони тоҷик соҳиби 22 медал гардиданд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Бозии Тоҷикистон ва Малдивро гурӯҳи доварон аз Қирғизистон ҳакамӣ мекунад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бо дастаи Малдив бозӣ мекунад
Муҳиддин Асадуллоев дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо байни ҷавонон дар Перу сазовори медали тилло гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои сеюми ИДМ дар Озарбойҷон соҳиби 18 медал гардиданд