Омори коронавирус дар ҷаҳон – беш аз 212 ҳазор нафар сироятёфтагон дар як шабонарӯз
ДУШАНБЕ, 17.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи гузашта шумораи ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ аз коронавируси нав дар ҷаҳон беш аз 212 ҳазор ва теъдоди ҳолатҳои фавт беш аз 4,5 ҳазор нафар зиёд шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).
Тавре СУТ гузориш медиҳад, ба ҳолати 17 август дар ҷаҳон 825 601 нафар гирифторони COVID-19 ва 773 065 фавт ба қайд гирифта шуданд. Давоми шабонарӯзи гузашта 212 630 ҳолати нави сироятёбӣ ошкор гардида, 4 533 нафар вафот кардаанд.
Минтақаи Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ аз рӯи миқдори мубталоён дар ҷойи аввал буда, дар он 11 420 860 (+149 645 дар як шабонарӯз) сироят ёфтаанд. Шумораи ҳолатҳои фавт дар он 3 843 нафар зиёд шуда, ба 414 326 нафар расидааст.
Дар Аврупо 3 745 649 сироятёфта ва 214 092 фавт ба қайд гирифта шудааст. Дар муддати 24 соат шумораи мубталоён 19 888 ва фавт — 410 ҳолат афзудааст.
Дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ шумораи мубталоён 3 040 168 ва қурбониён 59 875 мебошад. Давоми шабонарӯзи гузашта мубталоён 69 064 нафар зиёд шуда, 1 031 нафар фавтидаанд.
Шумораи зиёди ҳолатҳои сироятёбӣ дар ИМА ба қайд гирифта шудааст — 5 566 632. Баъдан Бразилия (3 340 197), Ҳиндустон (2 647 316), Россия (922 853), Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ (587 345), Перу (535 946), Мексика (522 162), Колумбия (468 332), Чили (385 946) ва Испания (358 843) ҷойгиранд.








Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид






