ОНЛАЙН — ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНИИ ШОҲМОТ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон натавонист ба плей-офф роҳ ёбад ва дар марҳилаи интихобӣ мақоми 4-умро касб кард

Август 29, 2020 14:47

ДУШАНБЕ, 29.08.2020  АМИТ «Ховар» /. Марҳилаи интихобии Онлайн — олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот ба поён расид. Тибқи натиҷаҳои бозиҳои интихобӣ дастаи  мунтахаби Тоҷикистон натавонист ба плей-офф роҳ ёбад ва дар гурӯҳи худ (гуруҳи сеюм) мақоми 4-умро ишғол намуд.

Умуман, дар Олимпиада 163 дастаи мунтахаб  иштирок намуданд. Бозиҳо то 30 август идома меёбанд. Ҳар як дастаи онлайнро шаш нафар шатранҷбозон — се мард ва се зан ва шумораи баробари ивазкунандагон муаррифӣ мекунанд. Инчунин, ба ҳайати даста бояд як писар ва як духтари то 20-сола шомил бошад.

Бозиҳо дар платформаи ҷаҳонии онлайн Chess.com баргузор мешаванд.

Тоҷикистон дар  дивизиони сеюм   бозӣ мекард.  Ба ҳайати дастаи мунтахаб Ҷамшед Исоев (капитан), Муҳаммад Ҳусейнхӯҷаев, Надежда Антонова, Мутриба Ҳотамӣ, Ҷалолиддин Икромӣ, Сабрина Абророва, Алишер Каримов, Мустафохӯҷа Ҳусейнхӯҷаев, Марвори Насриддинзода, Сарвиноз Каримова, Меҳриддин Шарифов ва Рухшона Саидова шомиланд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон  мусобиқаро 5 август шурӯъ карда, нӯҳ бозӣ анҷом дод.

Шоҳмотбозони Тоҷикистон  бозии аввалро  бо Португалия бо ҳисоби мусовӣ — 3: 3  ба итмом расондапнд. Дар ду бозии дигар бозингарони дастаи Тоҷикистон шоҳмотбозони Ботсванаро  бо ҳисоби 6: 0 ва Тайбэйи Чинро  ьбо ҳисоби  4: 2 мағлуб карданд. Сипас  шоҳмотбозони  тоҷик вохӯриро бо дастаи Шри-Ланка  бо ҳисоби  2: 4 бохта, бар шоҳмотбозони Нигерия  бо ҳисоби  6: 0 ғолиб омаданд. Шоҳмотбозони Тоҷикистон бозиро бо шоҳмотбозони Шотландия 3: 3 мусовӣ (3: 3)   анҷом дода, сипас бо ҳисоби 5:1 бар  Амороти Муттаҳидаи Араб ва Ангола ғолиб омаданд

Президенти Федератсияи байналмилалии шоҳмот Аркадий Дворкович дар мусоҳиба бо «Sputnik Тоҷикистон» ба иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии «Аввалин онлайн олимпиадаи ҷаҳони FIDE» баҳои баланд дод. Дворкович, аз ҷумла зикр намуд, ки бо иштирок дар Олимпиада шоҳмотбозони тоҷик, бахусус ҷавонон таҷрибаи бесобиқа аз худ мекунанд.

Август 29, 2020 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд