ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ноҳияи Шоҳмансур 15 нафар довталаб ба даври дуввуми он роҳхат гирифтанд

Август 25, 2020 10:28

ДУШАНБЕ, 25.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ҷамъбаст гардида, аз 64 нафар  довталаб 15 нафари он ба даври дуввум роҳхат гирифтанд. Миёни  иштирокчиёни даври аввали озмун 10 нафар наврасон аз худ истеъдоди хуби оҳангсозӣ ва сарояндагӣ нишон доданд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилооти мақамоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур  хабар  доданд.

Даври якум дар ноҳияҳо баргузор гардида, довталабон дар он аз ҷониби гурӯҳи мутахассисони соҳаи фарҳанг ва масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян мегарданд. Дар озмун ҷавонону наврасон шеъру суруд ва оҳангҳои нав, асарҳои мусиқии композиторони ватанию  ҷаҳонӣ, намунаҳои мусиқии анъанавӣ, академӣ ва муосири тоҷикро, ки ба талаботи низомнома ва шартҳои озмун ҷавобгӯянд, пешниҳод намуданд.

Дар ҷамъбаст ғолибон аз ҷониби намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳия бо туҳфаю ифтихорномаҳо сарфароз гардиданд.

Даври дуюм дар марказҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рашт доир мегардад.

Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардида, ба истиқболи сазовори ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат равона  гардидааст.

Баргузории озмуни  мазкур дар даврони бархурди тамаддунҳо ва ҷаҳонишавии фарҳангҳо ба  тарбияи худшиносиву хештаншиносии миллӣ ва тарбияи маънавии ҷомеа, махсусан ҷавонон басо муҳим арзёбӣ гардид. Ҳадаф аз он баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди мусиқии нав, инчунин таълифи ашъори баландғояи ватандӯстона, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон арзёбӣ гардид.

Тавре иттилоъ додем, озмун дар се давр- даври аввал дар шаҳру ноҳияҳо, даври дуввум дар марказҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе ва даври сеюм дар пойтахти мамлакат бо супоридани ҷоизаву диплом ва мукофотҳои пулӣ баргузор  мешавад.

Ғолибони озмун инчунин ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро пайдо мекунанд.

Август 25, 2020 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид