Шоҳҷоизаи Озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар Роғун насиби Аниса Меликмуродова гардид
РОҒУН, 28.008.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Роғун миёни хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва аҳли ҷамоати шаҳр даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» баргузор гардид. Дар ҷамъбасти даври дуюми озмуни мазкур 13 нафар ғолиб дониста шуда, ба даври минтақавӣ роҳхат гирифтанд. Шоҳҷоизаи озмун насиби дастпарвари мактаби бачагонаи мусиқии шаҳри Роғун Аниса Меликмуродова гардида, ӯ ҳамчунин бо 3500 сомонӣ қадрдонӣ шуд. Дар ин бора корманди маркази матбуоти бахши фарҳанги шаҳри Роғун Ҳавасмо Комилзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Дар озмун 22 нафар иштирокчиёне, ки дар натиҷаи санҷиши ҳайати ҳакамон аз даври аввали озмун ба даври шаҳрӣ роҳ ёфта буданд, бо ҳам рақобат намуданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ғолибони озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман»-ро бо ифтихорнома ва мукофоти пулӣ ба андозаи 1300 сомонӣ ба ғолибони ҷойҳои аввал, 1000 сомонӣ ба ғолибони ҷойҳои дуюм, 600 сомонӣ ба ғолибони ҷойҳои сеюм қадрдонӣ намуд.
Мудири бахши фарҳанги шаҳри Роғун Одил Шамсов гуфт, ки мақсад аз баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман»- ин тараннуми дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон, тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон ва дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои миллӣ мебошад.








Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд






