ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 август, душанбе, 237-умин рӯзи соли 2020 аст

Август 24, 2020 08:00

24 августи соли 1990 Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки волотарин дастоварди сиёсӣ дар таърихи Тоҷикистони навин мебошад.

 ***

 10 сол пеш, 24 августи соли 2010 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нави истеҳсоли семент расман ба кор дароварда шуд, ки   80 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

 ***

Дар ин рӯзи соли 2016 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо риояи принсипи инсондӯстии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва ба пешвози 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро имзо намуданд

24 АВГУСТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Украина – Рӯзи истиқлолият.

***

Дар Қирғизистон – Рӯзи неруҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ.

***

Дар Либерия – Рӯзи парчам.

РӮЙДОДҲО:

24 августи соли 2002 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи якҷояи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид.

 ***

24 августи соли 2010 дар Ҷамоати деҳоти «Гулшан»-и ноҳияи Фархор корхонаи ресандагӣ ба истифода дода шуд.

***

4 сол пеш, 24 августи соли 2016 роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб ба истифода дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода ҷаласаи 25-уми Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти андози давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

***

24 августи соли 1936 дар Германия хизмати ҳарбии дусола ҳатмӣ гардид.

***

66 сол муқаддам, 24 августи соли 1954 дар ИМА Ҳизби коммунистӣ баста шуд.

***

 24 августи соли 2002 дар Урдун   қароре қабул карда шуд, ки истифодаи Парчами давлатиро бо мақсадҳои рекламавӣ манъ мекард.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1995 фурӯши расмии низоми амалиётии Windows 95 оғоз гардид.

***

Соли 2010 дар шаҳри Остонаи Қазоқистон аввалин ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қазоқистон баргузор гардид.

 

Август 24, 2020 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш