Тоҷикистон ва Россия ҷорӣ намудани низоми электронӣ дар соҳаҳои андоз, гумрук, энергетика ва рушди соҳибкориро баррасӣ намуданд

Август 13, 2020 16:57

ДУШАНБЕ, 13.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми рӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон  бо иштироки  муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва муовини муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Алексей Оверчук  дар мавзӯи «Ҳамкории Чумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар самти ҷорӣ намудани низоми электронӣ дар соҳаҳои андоз, гумрук, энергетика ва рушди соҳибкорӣ» мизи мудаввар доир гардид.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда Анварӣ иттилоъ медиҳад, дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ширкат варзиданд.

Дар доираи мизи мудаввар рӯнамоиҳо дар бораи таҷрибаи кишварҳо дар татбиқи низоми электронӣ дар соҳаи хизматрасонии давлатӣ дар соҳаҳои энергетика, андозбандӣ, гумрук, рушди тиҷорат ва сайёҳӣ муаррифӣ шуданд.

Пас аз анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамаҷониба ва истифодаи самарабахши ҳамкории дуҷониба дар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн изҳор намуданд.

 

Август 13, 2020 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд