Дар Мастчоҳ табибон бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб қадрдонӣ шуданд

Август 14, 2020 15:14

 ДУШАНБЕ, 14.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ба муносибати фарорасии Рӯзи кормандони соҳаи тиб, ки ҳамасола дар мамлакат 18 август таҷлил мешавад,  ҷамъомади идона баргузор гардид. Дар ҷамъомад бо назардошти фаъолияти пурсамар як гурӯҳ табибон ва кормандони соҳа бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилояти Суғд сарфароз гардонида шуданд.

Раиси ноҳияи Мастчоҳ Тоҳир Азиззода кормандони соҳаи тандрустиро  бо иди касбиашон  муборакбод гуфта, зикр намуд, ки мо фаъолияти табибону кормандони соҳаи тиб, заҳмату меҳнати духтурони оилавӣ ва ҳамшираҳои шафқатро намунаи олии хизмат ба халқу Ватан арзёбӣ менамоем.

«Шумо – табибону кормандони соҳа муҳимтарин афроди ҷомеа буда, бо донишу таҷриба, маҳорату малакаи касбии худ ба одамон умри дубора мебахшед. Маҳз натиҷаи татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат буд, ки тайи солҳои охир дар ноҳияи Мастчоҳ 5 маркази замонавии саломатӣба истифода дода шуд. Ҷиҳати таъмиру тармим ва навсозии муассисаҳои тандурустии ноҳия, аз  ҷумла беморхонаҳои минтақавии ҷамоатҳои деҳоти Мастчоҳ, Оббурдон, Палдорак ва Навбаҳор, маркази саломатии ноҳиявӣ бо ҷалби аҳолӣ ва соҳибкорони саховатманд зиёда аз 2,1 млн. сомонӣ равона гардид. Ҳоло ҷиҳати пешрафти соҳаи тиб, фароҳам овардани шароиту имкониятҳои беҳтарини дармону табобат Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ мунтазам чораҷӯӣ менамояд»,- гуфт Тоҳир Азиззода.

Август 14, 2020 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд