Вазорати маориф ва илм: Дар интихоби донишгоҳҳои давлати Чин ҳушёр бошед!

Август 20, 2020 14:00

ДУШАНБЕ, 20.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Агентии иттилоотии «Синхуа» 6 августи соли равон дар бораи  пайдо шудану ба таври қаллобӣ фаъолият намудани баъзе ба ном «донишгоҳ»-ҳо, ки гӯё дар ҳудуди кишвари Чин фаъолият мекунанд, хабар додааст. 

Вазорати маориф ва илм дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин  бо  такя ба Вазорати маорифи Чин ба маълумоти шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Мардумии Чин барои таҳсил дохил шудан мехоҳанд, мерасонад, ки дар мавриди интихоб ва дохилшавӣ ба муассисаи таълимӣ боэҳтиёт бошанд.

Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин аз тамоми довталабоне, ки хоҳиши таҳсил дар муассисаҳои таълимии ин кишварро  доранд, даъват ба амал овардааст, ки ҳушёр бошанд, то ба доми фиреби «донишгоҳҳои қалбакӣ» гирифтор нашаванд.

Аз ин рӯ Вазорати маорифи Чин таъкид намудааст, ки довталабон бояд қабл аз дархост гузоштану супоридани имтиҳонҳои қабул ба таври онлайнӣ ба торнамои расмии вазорат ва ё торнамои дигар мақомоти дахлдор дар We Chat ворид шуда, дар бораи муассисаҳои таълимии интихобкардаашон маълумоти дақиқ пайдо намоянд.

Ҳамчунин дар изҳороти расмии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин зикр гардидааст, ки «тамоми донишкадаву донишгоҳҳои дар вазорати мазкур ба қайд гирифташуда рамзи истисноии худро доранд, ки шаҳрвандон онро дар торномаҳои низоми махсуси бақайдгирии довталабон пайдо карда метавонанд».

Август 20, 2020 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад