СУРАТ-ДАЛЕЛ. Ду шафати роҳҳои маркази шаҳри Ваҳдат пур аз партовҳост, ва ё Муҳитро бояд тоза нигоҳ дошт!

Август 14, 2020 15:33

ВАҲДАТ, 14.08.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯзҳо, дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ, оғози соли нави таҳсил ва айёми хуруҷи бемории сироятии коронавирус, ду шафати роҳҳои маркази шаҳри Ваҳдат ва ҷӯйборҳои он аз сабаби бемасъулиятии масъулини соҳа пур аз алафҳои бегона, пасмондаҳои истеъмолӣ,  зарфҳои   пластикию полиэтиленӣ ва ғарами партовҳо ба назар мехӯранд, ки, маатассуф, макони гашту гузори сагҳо шудаанд.

Ҳифзи муҳити зист дар тамоми давру замон муҳимтарин вазифаи инсоният ба ҳисоб рафта, имрӯз дар замони пешгирии бемории сироятии коронавирус боз ҳам муҳимтар ва мубрамтар гардидааст.  Тозагию нафосат, поку озода намудани маҳалли зист, пойбанди тарзи ҳаёти солим будан ва ободонию хуррамгардонии ватани хеш яке аз самтҳои асосии сиёсати хирадмандонаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Аз ин рӯ амалисозии ин самти сиёсати давлат метавонад омили муҳими пешгирӣ аз пайдоиши ҳама гуна бемориҳои сироятӣ гардад.

Баҳри таъмини амнияти саломатии сокинону меҳмонони шаҳри Ваҳдат ва риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ аксҳои аз назди бинои “Амонатбонк” то Коллеҷи тиббию Беморхонаи марказии шаҳр гирифтаи хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар»  Субҳониддин МАҲМУДро манзури масъулини соҳа мегардонем, то роҳбарияти Маркази ташхиси санитарию эпидемиологӣ, Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр  ва муовинони раиси шаҳри Ваҳдат масъулият ҳис намуда,   бо мақсади беҳдошти муҳити зист ва таъмини амнияти экологии аҳолӣ дар шаҳр аксияҳои «Тозагии маҳал»  ва «Тозагии соҳил» доир кунанд, маркази шаҳр ва ҷӯйборҳои онро аз партовҳо тоза намоянд.

Масъулини шаҳр бояд дарк намоянд, ки моро дар пеш  ҷашни бузурги умумимиллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ интизор аст. Дар таҷлили сазовори ин ҷашн ҳар нафар метавонад бо тозаву озода нигоҳ доштани манзил, таъмини шароити арзандаи зисту таҳсил барои фарзандон, ободонии маҳал, истифодаи самараноки обу замин саҳми бориз гузорад.

Август 14, 2020 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд