Сохтмони бинои муассисаи таълимии №8-и шаҳри Хоруғ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад

Август 13, 2020 14:36

ДУШАНБЕ, 13.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон  сарпарасти соҳаи иқтисодӣ-иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Насрулло Маҳмудзода имрӯз бо ҳамроҳии Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов аз ҷараёни сохтмони муассисаи таълимии рақами 8-и шаҳри Хоруғ дидан намуданд. Маълум шуд, ки корҳои сохтмони  бинои муассисаи таълимӣ бомаром ҷараён гирифта, барои бунёди ин иншоот аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст ва аллакай 90 фоизи корҳо дар ин бино ба итмом расонида шудаанд. Дар  ин бора АМИТ “Ховар” бо истинод ба бахши таҳлилӣ-иттилоотии дастгоҳи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ медиҳад.

Бинои мазкур  барои 640 нафар хонанда бо тамоми шароити зарурӣ пешбинӣ гардида, аз се ошёна ва се бинои асосии таълимӣ иборат мебошад. Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот аз моҳи июни соли 2019 оғоз гардиданд. Дар марҳилаи якум аз рӯи лоиҳаи пешбинигардида, аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 миллион сомонӣ ҷудо гардид.

Бинокорон бо масолеҳи сохтмонӣ пурра таъмин буда, аллакай ҳаҷми муайяни корҳои бунёдӣ анҷом дода шуданд. Паймонкори ин иншоот ҶДММ «Шариф ШС» буда, сохтмончиён ба корҳои сохтмонӣ машғул мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон  сарпарасти соҳаи иқтисодӣ-иҷтимоии  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Насрулло Маҳмудзода тӯли ду рӯз аз ҷараёни корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар маркази вилоят ва ноҳияи Роштқалъа  боздид намуд.

Август 13, 2020 14:36

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад