ЗАНГ ЗАНЕД! Дар Тоҷикистон барои кӯдакону наврасон ва волидайни онҳо телефони боварӣ ҷиҳати гирифтани кумаки равонӣ фаъол гардид

Август 7, 2020 11:16

ДУШАНБЕ, 07.08.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Шурӯъ аз 2 июни соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои кӯдакону наврасон  ва волидайни онҳо телефони боварӣ ҷиҳати гирифтани кумаки равонӣ  ба фаъолият оғоз намуд. Барои расонидани кумаки равонӣ, ки пурра ройгон аст, 16 нафар равоншиносони ботаҷриба аз тамоми  манотиқи  ҷумҳурӣ   ҷалб карда шудаанд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» Холисаи АСОМИДДИН.

Тавре роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази кумаки равонӣ» Нафиса Юнусова иброз дошт, ин марказ дар якҷоягӣ бо Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Мутаҳид (ЮНИСЕФ) ду моҳ пеш ба татбиқи лоиҳае оғоз бахшид,  ки ҳадаф аз он расонидани ёрии равонӣ ба кӯдакону наврасоне мебошад, ки зери фишори зӯроварии гендерӣ ва шаҳвонӣ қарор  гирифтаанд. Азбаски масъалаи мазкур нозук аст, алоқа ба таври махфуз сурат мегирад.

Таъсис додани чунин хати алоқа имконият медиҳад, ки наврасон ё волидайни онҳо  дар куҷое набошанд, аз  кӯмаки  равонӣ бархурдор шаванд. Дар сурати зарурат мутахассисони мо метавонанд бо розигии шахси муроҷиаткунанда ё падару модараш бо ӯ рӯ ба рӯ суҳбат намуда, машваратҳои равонӣ диҳанд ва мизоҷи худро аз ҳолати ҳаяҷон берун оранд.

Инчунин  мо имконият дорем, ки дар вақти муайян шудани ҳодисаҳои гендерӣ ва ё шаҳвонӣ  ба муроҷиаткунандагони худ бо ҷалби мутахассисон кумакҳои  ҳуқуқӣ ва тиббӣ низ расонем», —  мегӯяд Нафиса Юнусова.

Ба зикри номбурда, сабаби асосии  ифтитоҳи чунин марказ дар замони хуруҷи паҳншавии коронавирус — ин ошкор шудани ҳолатҳои афсурдаҳоливу рӯҳафтодагӣ миёни аҳолӣ мебошад.

«Ҳарчанд ки лоиҳа фарогири  наврасони  то 19-сола аст, вале  шахсони  синн соли  гуногун низ ҳамарӯза занг зада, аз кумак ва тавсияҳои  равоншиносон баҳравар мегарданд. Инчунин бо назардошти вазъият ва пайдо шудани бемории коронавирус  мо ҳамзамон ба беморон ва шахсоне, ки  аз гирифторӣ ба ин беморӣ дар ҳаросанд ва ё гирифтори чунин беморӣ ҳастанд, ёрии равонӣ мерасонем.  Зеро ҳолатҳое ҳастанд, ки маризон аз беморхона ба мо занг зада, рӯҳияи худро ором мекунанд.  Бояд гуфт, ки шахсоне, ки ба ин беморӣ дучор мешаванд, одатан дар ташвиш буда, ҳолати изтиробнокиашон зиёд мешавад ва нафаре, ки ин бемориро вазнин гузаронидааст, тарсу ҳароси ӯ аз  такрор шудани беморӣ зиёд шуда, дар ӯ бехобӣ, афсурдаҳолӣ ва гум шудани иштиҳо мушоҳида карда мешавад. Дар ин вақт, албатта, ба ӯ ёрии равонӣ  расонидан хеле зарур аст»,-  шарҳ медиҳад  роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази кумаки равонӣ».

Равоншиносони маркази мазкур мутахассисони таҷрибадор буда, аз кафедраҳои донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат ҷалб карда шудаанд. Ҳоло миёни ин мутахассисон рӯзҳои навбатдорӣ ташкил шуда, онҳо дар рӯзҳои муайяншуда ба аҳолӣ кумаки равонӣ мерасонанд.

Давоми ду моҳи фаъолият  аз ҷониби равоншиносони Марказ  қариб ба 900 нафар кумаки равонии ройгон расонида шуд.

Ҳоло дар назар аст, ки  дар доираи лоиҳаи мазкур барои равоншиносони мактабҳо ва табибони оилавӣ семинарҳои омӯзишӣ гузаронида шавад, то онҳо тӯли фаъолияти корӣ тавонанд аломатҳои рӯҳафтодагиро дар наврасон мушоҳида кунанд.

Август 7, 2020 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандон ба беш аз 110 миллион сомонӣ расид
«КИТОБ БАРОИ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН». Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иқдоми тақдими китоб идома дорад
Тавассути корти бонкии нафақагирон беш аз 200 амалиёти бонкӣ иҷро мегардад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли хӯроки вазнин боиси авҷи бемории гастрит мегардад
«ПУЛИ ҲУШМАНД». Бо амалӣ гардидани ин барнома қонуншиканӣ ё истифодаи нафақаи шахси фавтида аз байн рафт
Дар шаҳри Бохтар бо иштироки собиқадорони соҳаи тандурустӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 200 нафақагири аз садсола боло зиндагӣ мекунад
Дар ноҳияи Шоҳмансур Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 хароҷоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа беш аз 5 миллиард сомониро ташкил дод
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ зиёд гардида, бекоршавии ақди никоҳ коҳиш ёфтааст
«Барномаи рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои риоя накардани танзими ҷашну маросим 1268 нафар беш аз 10 миллион сомонӣ ҷарима супориданд