Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар шаҳри Бохтар ифтитоҳ намуданд

Сентябрь 22, 2020 17:09

ДУШАНБЕ, 22.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтарро, ки ба хотири пешвози сазовор аз ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бо тарҳи нави меъморӣ бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.

Бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дорои 10 утоқ, аз қабили ҳуҷраҳои корӣ, китобхона бо фарогирии 1200 нусха адабиёти соҳавию бадеӣ, ду толори маҷлис бо 110 ҷойи нишаст мебошад, ки дар он беҳтарин шароити корӣ фароҳам оварда шудааст.

Иншоот аз се ошёна иборат буда, атрофи он бо дарахтони ҳамешасабз оро дода шудааст. 3 садяк замини саҳни бино сабзкорӣ ва масоҳати 268 метри мураббаъ сафолакпӯш гардидааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми боздид аз бинои нав ва шиносоӣ бо шароити фаъолият ба иқдоми соҳибкорону аъзои фаъоли ҳизб баҳои арзанда дода, анҷоми чунин амали наҷиби созандагиро шоистаи дастгирӣ ва намунаи ибрат арзёбӣ намуданд.

Ба Роҳбари давлат иттилоъ дода шуд, ки аксари кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтарро ҷавонон ташкил медиҳанд ва онҳо аз технология ва илмҳои муосир ба хубӣ бархӯрдоранд.

Бо шарофати даврони соҳибистиқлолии мамлакат 9 нафар корманди ҳизби шаҳри Бохтар, ки қаблан дар бинои ҳизбии вилоят фаъолияти корӣ доштанд, соҳиби бинои алоҳидаи хуштарҳ гардида, фаъолияти худро дар ҳуҷраҳои кушоду барҳаво идома хоҳанд дод.

Гуфта шуд, ки агар соли 2013-ум танҳо  дар 5 шаҳру ноҳияи вилоят Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон соҳиби бинои алоҳидаи худ буданд, бо дастгирӣ ва ғамхориҳои доимии Роҳбари муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли ҷорӣ аллакай ин шумора ба 21 адад расонида шуд. Ба замми ин, 25 сохтори ҳизбӣ соҳиби нақлиёти хизматӣ гардида, шумораи аъзои ҳизб нисбат ба 7 соли қаблӣ 100 ҳазор нафар афзудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз кормандон ҳисси баланди ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ, саҳм гузоштан дар корҳои ободонию созандагӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлоли давлатиро талаб намуданд.

Ифтитоҳи бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар 22.09.2020

Сентябрь 22, 2020 17:09

Хабарҳои дигари ин бахш

«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд